Arzon march 2024
АММАДУХТАРИ ШАВҲАРДУЗД (ҚИСМИ 3)
3506

ИДОМААШ...

–Бовар кун, бо касе ҳамсӯҳбат нашудаам.
– Ҳозир мефаҳмем, ҳамаашро. Занг зада мебинем. Канӣ телефонатро ба ман деҳ.

– Телефонам дар дасти усто аст.
– Хайр, телефони хонагӣ ҳаст-ку. Ҳозир занг зада, ҳамаашро мефаҳмем.

Илҳом ҳарфҳоро мечиду ман бошам, дар ғазаб мондам.

-Мардак, чаро бо ман чунин рафтор дорӣ. Ту чор фарзандатро сағираи дар ба дар карданӣ ҳастӣ, мардак?

Дигар садои шавҳарам хомӯш гашт. Ӯ муддате шояд худро ором карду баъд баромада рафт. Ман садои пӯшида шудани дарро фаҳмида, зуд аз ҳаммом баромадам ва ба духтари амаам занг задаму ҷанҷолаш кардам, ки “чаро бо телефони ман ҳамроҳи ошиқонат гап задӣ? Зуд ба шавҳари ман занг зада, тамоми воқеаҳоро фаҳмон”.

– Зиндагиамро вайрон накун? Кӯдаконам чӣ мешаванд? Ту раҳм надорӣ?
-Кӯдаконатро бояд дар вақташ фикр мекардӣ!-гуфт духтари амаам.

– Ҳоло шавҳарам ба наздат рафт, илтимос, ҳамаашро иқрор шав. Баъдтар ҳатман  наздат меоям.
– Ман медонам, ки ба ӯ чӣ гӯям...-гуфт бо ситеза.

Шавҳарам баъди муддате аз назди духтари аммаам бо димоғи сӯхта баргашт. Намедонам аммадухтарам ба ӯ чӣ гуфта бошад, ки бо ман ва кӯдакон ҳарфе нагуфта, худро ба ҷойгаҳ партофту дигар то субҳ аз ҷояш наҷунбид. Духтарам чанд дафъа рафта, ӯро барои ғизохӯрӣ даъват карда бошад ҳам, ҷавобе нагардонд. Хавотир шуда, ба ӯ наздик шуда, набзашро санҷиданӣ шудам.

– Мехоҳӣ бифаҳмӣ, ки зиндаам ё не?
– Не охир, намеҷунбӣ чанд соат боз.

– Маро ту бо рафторҳоят куштӣ. Ман аз мурда бадтарам. Ҳайфи ман барин мард. Тамоми давлату сарватам дигар ҳеҷ аст пеши бадбахтиам.
– Ту бадбахт нестӣ, мардак. Маро бубахш,– гуфта, мехостам гарданашро оғӯш карда, дилашро нарм созам.

– Гуноҳи ту нобахшиданӣ аст. Ту бароям аллакай мурдаӣ. Занаки беақл. Ман номард нестам, ки гуноҳатро бахшам.
–Ту чиҳо мегӯӣ, ман намефаҳмам мақсадатро. Акнун зиндагиамон чӣ мешавад, мардак.
 -Ба ту чӣ намерасид дар зиндагӣ?
-Оғӯши мард.
– Охир, ман намурда будам-ку. Тоқат кардан мумкин набуд? Худат фикр кун, ки чӣ гуна ҷазо туро интизор аст.

–Илҳомҷон, маро бубахш.
– Гуфтам-ку ту барои ман мурдаӣ, гум шав аз назарам, ки рӯйи наҳсатро набинам. Ту хонадони покамро ҳаром кардӣ!
-Чаро чунин мегӯӣ, мардакҷон, духтари аммаам ба шумо чиҳо гуфт. Бо ман чунин накун, илтимос. Охир, фарзандонамон чӣ мешаванд мардак?
– Аз ту барин модар доштан барои онҳо бемодарӣ болотар аст. Ту ба номи онҳо низ нанг овардӣ, занаки беақл.

– Ҳақоратам накун, ман пушаймонам.
–Эҳ, хок бар сари ту барин зан!  Дар як муддати кутоҳ тамоми зиндагиву хушбахтиҳоямро барбод додӣ. Охир, ман аз кӣ кам будам? Занҳое ҳастанд, ки умре як ҳарфи хуши шавҳарро намешунаванд ва танашон як либоси ҳалолро намебинад, вале онҳо хиёнати хурдтаринро ба шавҳарашон раво надида, содиқ мемонанд. Ту бошӣ, аз чизе камбудӣ надоштӣ. Ту дигар барои ман вуҷуд надорӣ.

– Маро меронӣ?Ин тавр, ки буд, чаро маро аз шавҳари дуюмам ҷудо сохтӣ?
– Не, туро намеронам. Ту ҳамин ҷо меистӣ, ман меравам аз ин хонаю дар.

– Ман ба хотири ояндаи фарзандонамон, мӯҳри хомӯшӣ бар лаб мезанам. Агар туро хиёнаткор гуфта, аз дар ронам, дигар тақдири фарзандонам чӣ мешавад?  Бо айби ту онҳоро касе ба занӣ намегирад ва ба писаронамон касе духтар намедиҳад. Ман танҳо ба хотири онҳо туро ин ҷо нигоҳ медорам. Аммо ту дигар зани ман нестӣ.

Бо ҳамин Илҳом ба зиндагиамон хотима гузошт. Гарчанде маро чашми дидан надошт, вале инро аз фарзандон пинҳон менамуд. Ба  хотири ояндаи фарзандонамон тамоми ғуруру мардиашро зери по намуда, гуноҳи вазнини боркардаи духтари аммаамро таҳаммул кардам. Бо мурури вақт шояд ҳатто маро бахшиданӣ ҳам буд. Шабҳо ба куҷое ғайб мезад ва ногоҳ боз пайдо мешуд. Бо телефон сӯҳбатҳои дурудароз мекард. Мову ӯ зану шавҳари қонунӣ будем, дар як хона мезистем. Ин дафъа маро ҷазои аз пешина сахттаре мунтазир буд. 

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД