Шавҳарам марди ҳалим буд. Маро хеле зиёд дӯст медошт. Барои ман ба тамоми кор тайёр буд. Ба хотири он ки мани эркаашро аҳли хонаводаашон бад набинанд,ҳамеша дастгириам менамуд.
Агар дили волидонаш таом ё самбӯсаи варақине хоҳаду пухтани онро аз ман талаб кунанд, зуд рафта, онро аз тарабхона харида меоварду мегуфт, ки келинатон пухтааст. Намегуфт, ки ҳамсари ман аз ӯҳдаи пухтани он намебарояд. Зеро дӯстам медошту намехост падару модараш камбудии маро дида гӯянд, ки: «Сар деҳ зани беҳунарро».
Хулоса, ман бонуи дӯстдоштатарин ва эркаи хонадонаш будам. Чизеро бароям дареғ намедошт. Агар аз осмон дилам ситора хоҳад, тайёр буд, ки пайдо созад. Бо хоҳишу талабҳои ман хонаи алоҳида харидему занеро барои иҷрои хизматҳои хона даъват намудем. Дигар дастамро дар оби хунук намезадагӣ шудам. Танҳо ба меҳмонӣ мерафтаму ба мағозаҳои дилхоҳам рафта, барои худам ягон либоси даркориамро харидорӣ мекардам. Акнун бо кӯдакон машғул шудан, либосҳояшонро дарзмол намудан, ба саволҳояшон ҷавоб гардонидан ба зиммаи он зан афтида буд. Кӯдаконам аз чизе камбудӣ надоштанд. Барояшон либосҳои беҳтаринро мехарид Илҳом. Ягон хоҳиши ман низ дар ҳаво намемонд. Ҳамаашро бе чуну чаро иҷро менамуд. Мисли як малика мезистам, намедонистам, ки азоби дарбадарӣ чӣ гуна аст. Вақтҳои охир чунон тайёрхӯр гашта будам, ки ҳатто хӯрокамро худам кашида, оварда намехӯрдам. Хусуру хушдоманамро ҳурмату эҳтиром мекардам, вале онҳо маро дӯст намедоштанд. Шавҳарам ба хотири дӯстдории беҳад зиёд ба ҳамаи ин рафторҳо чашм мепӯшиду волидони маро ба дараҷаи даркорӣ ҳурмат менамуд. Барои ӯ аз ҳама муҳим ҳурмату эҳтироми ман буд. Ҳамеша мегуфт, ки «ту маро ҳурмат кун, ба дигараш корат набошад». Ӯ гумон намекард, ки аз ҳад зиёд эрка намудани зан оқибати хуб надорад. Волидонаш мехостанд, насиҳаташ кунанд, аммо вай ба онҳо имконият намедод. «Чӣ қадаре, ки ҳурмату эҳтиром лозим аст, ман ба ҷои ӯ мекунаму хизмататонро ба ҷо меорам, ба ҳамсари ман кордор нашавед»,- мегуфт доим ба падару модараш. Онҳо низ ба хотири он ки шавҳарам фарзанди аз ҳама эркаашон буду аз таҳти дил хизматашонро ба ҷо меовард ва тамоми шароитҳоро барояшон муҳайё сохта буд, хомӯш буданду дам ба дарун мегаштанд.
Як вақт шавҳарам бемор гашт ва бо хоҳиши рафиқони дар Русия доштааш барои табобат он ҷо сафар намуд. Муддати як моҳ аз ӯ дарак нашуд. Ба қавли худаш асабҳояшро табобат намуда, бо нерӯи тоза ба хона баргаштан мехост.
– Илҳомҷон, тезтар намеоӣ, ки пазмонат шудам? – бори аввал ба ӯ занг зада гуфтам.
–Муҳайёям, тоқат кун, табобат гирам, ба наздат меравам.
– Аммо тоқати ман тоқ шудааст. Дигар намешавад сабр кардан, азизам, зудтар биё.
– Охир, муддати табобатам як моҳ аст. Бояд меъёри муайянкардаи табибонро риоя кунам. Инҳо ҳар нафари бегонаро қабул намекунанд. Бо дархосту воситаҳои зиёде маро дар ин клиника ҷой карданд.
– Вале ман дигар наметавонам, бовар кун.
–Туро мефаҳмам азизакам, вале наметавонам нисфи табобатро партофта равам. Тоқат кун.
–Охир, ман бе ту дар ин хона будан намехоҳам.
Кор ба ҷое расид, ки мани эрка тобу тоқати бе шавҳар зистанро накарда, фарзандонамро гирифта, ба хона модарам рафтам. Дар хонаи волидон будаму ҳушу хаёлам дар шавҳарам банд буд. Чунон бо шавҳарам омӯхта гашта будам, ки баъди рафтанаш мисли девонаҳо азоб кашидам. Занҳои ҳамсоя дар ҳаққи ман ҳар хел овозаҳо карда механдиданд. Аз ҳар калла як садое мебаромад…
– Ин занаки бе номусро бубинед. Шавҳарашро ба Русия фиристонду худаш дар ба дар овораю сарсон ба хонаи модараш омадааст,- мегуфт яке аз онҳо.
Як моҳу ду моҳ гузашту аз шавҳарам дарак нашуд. Оқибат хонаводаамон маро ба як ҷавон бори дуюм ба шавҳар доданд. Дар хонаи шавҳари навам фаҳмидам, ки шавҳари аввалаам баъд аз 10 рӯз расида меомадааст. Акнун ба ӯ чӣ ҷавоб медода бошам, худам ҳайрон будам. Худро ба рӯйи диван партофтаму ба андеша рафтам.Чаро чунин беақлӣ карда, ба хонаи модарам рафтам? Чаро тоқат накардам. Худованд барои кадом гуноҳам маро ҷазо дод? Чаро бо мане, ки муддати понздаҳ сол боре ҳам ба шавҳарам хиёнат накарда будам, чунин ҳодиса рух дод? Чаро шавҳарамро тарк кардаму ба ҷавони дигар ба шавҳар баромадам, фикри фарзандон ва шавҳари дӯстдоштаамро накардам?
ДАВОМ ДОРАД...