Sebiston new 2024 october
Аммаам бахтамро дуздид
3674

Салом ба кулли кормандон ва мухлисону ҳаводорони ҳафтаномаи “Оила”. Мехоҳам ба хонандагони ҳафтанома дарди дили худро қисса намоям. Беҳуда нагуфтаанд, ки дар дунё нафаре нест, ки дар овони мактабхонӣ ошиқ нашуда бошад. Ман ҳам замони мактабхонӣ ошиқ шудам. Қаблан ба ишқ боварӣ надоштаму онро афсона мешуморидам. Гумон мекардам, ки ҳамаи достонҳои ошиқӣ ба монанди “Лайливу Маҷнун”, “Юсуф ва Зулайхо”, “Фарҳоду Ширин” ва “Комде ва Мадан” як афсонаи тахайюлӣ мебошанд, то он даме, ки худ ошиқ гаштам.

Вақте дар синфи 10 мехондам, ҳадафи асосиям танҳо хондан буд. Пас аз 10 рӯзи оғози таҳсил рӯзе сарвари муассисаамон ба синфхонаи мо бо як духтари зебою қадбаланде ворид гашт. Бо дидани он париваш маро ҳиссиёти аҷибе фаро гирифт. Сарвари муассиса ба мо гуфт, ки духтарак ҳамсинфи нави шумо мебошад ва аз ин пас ҳамроҳатон таҳсилро идома хоҳад дод. Муаллимамон бо меҳрубонӣ ба духтарак гуфт: “Гузар шин, духтарам”. Ӯ бошад, омада, дар курсие, ки дар паҳлӯи ман қарор дошт, нишаст. Ҳамон лаҳза эҳсос намудам, ки ишқ вуҷуд доштааст ва он афсона нест. Барно то замони ба синфи мо омадан, дар шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст. Аз сабаби иваз шудани ҷои кори падараш ба шаҳри мо омадааст. Хушхабари дигар барои ман он буд, ки хонаи апааш дар наздикии хонаи мо қарор доштааст. Ҳар боре Барноро медидам, оташи ишқаш дар дили ман аланга мезаду боз ошиқтар мешудам. Аз байн чанд моҳ гузашт. Моҳи феврал фаро расид. Ман то ба ҳанӯз муҳаббати худро ба ӯ нагуфта будам. Дар ин моҳ ман афтидаму мутаассифона, поям шикаст. Акнун дигар наметавонистам барои дидани рӯйи ӯ ба мактаб равам. Аз байн чанд рӯз гузашт ва Барно аз дӯсти наздики ман хоҳиш кардааст, ки бо чанд нафар аз духтарони ҳамсинфамон ба дидорбинии ман ояд. Дӯсти ман аз фурсати муносиб истифода бурда, онҳоро ҳамон лаҳза ба хонаамон овард. Вақте Барно аз дари хонаамон даромада, дасти худро барои саломкунӣ ҷониби ман дароз намуд, сахт ба ҳаяҷон омадам. Он лаҳзаҳо муҳаббатам нисбати ӯ дучанд гардид. Ҳамсинфонам чанд лаҳза дар наздам нишастанд, вале ҳушу ёди ман танҳо банди Барно буд. Онҳо баъди чанд лаҳза рафтанд, аммо симои дӯстдоштаам ҳеҷ аз пеши назари ман дур намешуд. Чанд рӯз пас аз дӯстам хоҳиш намудам, ки Барноро бо ягон баҳона ба назди ман орад ва дӯстам низ хоҳиши маро рад накарда, ӯро бо фиреб ба хонаамон овард. Дӯстам моро танҳо монда, аз дар баромад. Ман бошам, ба чашмони Барно нигоҳ карда, изҳори муҳаббат намудам. Барно бо ҷаҳл аз ҷой хесту ба назди дар рафт ва таҳдидомез гуфт: “Ҳоло мебинед, ки ман бо шумо чӣ кор мекунам. Пагоҳ бо падарам ба ин ҷо меоям” ва баромада рафт. Мо аз тарс намедонистем чӣ кор кунем, зеро аз падараш ҳарос доштем. Дӯстам баъди 3 рӯз бо дили ларзон ба мактаб рафт. Ман хеле хавотир будам, дар назди дӯстам худро гунаҳкор ҳис мекардам. Билохира, соат аз 13:00 гузашт, мунтазири омадани дӯстам будам. Ногаҳ дар кушода шуду дӯстам бо лаби хандон аз дар даромада гуфт: “Хушхабар деҳ. Барно ишқатро қабул намуда, ин номаи ошиқиро ба ту равон кард”. Аз шодӣ дар куртаи худ намеғунҷидам. Муҳтавои нома чунин буд: “Салом! Шумо чӣ хел? Саломатиатон хуб шуд? Маъзарат мепурсам аз рафтору кирдор ва суханҳои чанд рӯз пеш гуфтаам. Ман низ аз рӯзи аввали омаданам шуморо дӯст доштам, аммо чӣ гуна ба шумо гуфтанамро намедонистам. Он рӯз аз шунидани суханони шумо дар ҳайрат монда, чунин рафтор кардам”.

Бо ҳамин аҳду паймони ошиқии мо сар шуд. Пас аз як моҳ пойи ман сиҳат шуд. Мо акнун ҳамарӯза дар мактаб вомехӯрдем. Ҳамин тавр, муддати 2 сол якҷоя будем. Пас аз хатми синфи 11 ҳуҷҷатҳои худро ба ММТ супоридам ва хушбахтона, ба донишгоҳи шаҳри Хуҷанд дохил гардидам. Пеш аз оне, ки ба шаҳри Хуҷанд равам, бо Барно вохӯрдам. Дӯстдоштаам ба ман ваъда дод, ки “то ҷон дар бадан дорам, шуморо интизор мешавам”. Бо ҳамин, ман ба шаҳри Хуҷанд барои таҳсил рафтам. Ӯ ҳафтае ба ман як ё ду бор занг мезад. Муддати 6 моҳ бо ҳам телефонӣ суҳбат мекардем. Рӯзе ба модарам занг задам, ки дар наздашон аммаам низ буданд. Аз онҳо хоҳиш намудам, ки барои ман Барноро хостгорӣ намоянд. Гуфтам, ки Барноро дӯст медорам, хеле духтари боадаб аст. Модарам ба ман гуфтанд, ки ҳатман бо падарат маслиҳат мекунем. Аз байн 2 ҳафта гузашт. Барно дигар ба ман занг назад, ман сахт хавотир шуда, ба модарам занг задаму масъалаи хостгориро пурсон шудам. Модарам худро дошта натавониста, бо гиря ба ман гуфт: “Писарам, ману падарат маслиҳат кардем, ки Барноро барои ту хостгорӣ мекунем, аммо аммаат аз мо пештар худи ҳамон бегоҳе, ки ту он гапро ба ман гуфтӣ, барои писари калониаш дӯстдоштаи туро хостгорӣ рафтааст. Моро бубахш, ин айби ману падарат нест”. Ман ҳамон лаҳза телефонро хомӯш карда, зор-зор гиристам, аммо дигар аз гиристани ман суде набуд. Ҳамон лаҳза ба маънии мисарҳои зерин сарфаҳм рафтам:

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.

Дар охир орзуманди онам, ки Худованд ҳамаи ошиқонро ба ҳам расонад ва ҳеҷ ошиқ доғеро набинад.

Абдуллои Зарафшонӣ

Таснифи Усмонзода Меҳроншоҳ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД