Бо фаро расидани фасли зимистон зиндагӣ барои ҳайвонот, махсусан ҷонварони ваҳшию ёбоӣ хеле вазнин мешавад. Ёфтани сайду шикор кардан барои даррандагон душвор гашта, гург, хирс, паланг, шағол ва дигар мавҷудоти олами вуҳуш пайи дарёфти луқма аз кӯҳҳои баланд ба водиҳо мефароянд.
Афроде, ки дар минтақаҳои кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, бояд дар мавсими тирамоҳу зимистон бисёр эҳтиёткор бошанд, зеро ҳайвоноти дарранда аз гуруснагӣ метавонанд ҳатто ба одамон ҳуҷум намоянд. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода маълумот додааст, дирӯз як паланги гурусна дар Бадахшон ба манзили одамон даромада, ҳамлаи ин ҳайвони ваҳшӣ боиси талафоти зиёде гаштааст.
Ҳодиса рӯзи 20-октябр, соатҳои 4-и саҳар дар деҳаи Зонги Бадахшон рӯй дода, паланги гурусна ба хонаи яке аз сокинони деҳа даромадааст. Даррандаи ваҳшӣ якбора 31 чорвои хурди шохдорро пора-пора карда, ҳамзамон 8 сар гӯсфанд ва 2 говро захмӣ намудааст.
Хушбахтона, одамон дар ин вақт хоб буданд ва зиён надидаанд, вале соҳибхона бар асари ҳуҷуми паланг зарари зиёд дида, даррандаи гурусна якбора 40 сар чорвои ӯро несту нобуд кардааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба сокинони деҳоти кӯҳистон маслиҳат додааст, ки барои муҳофизати чорвои худ аз даррандагон гову молашонро танҳо рӯзона ва ҳатман дар зери назорати чӯпон ба чарогоҳ сар дода, атрофи фермаҳои чорводорӣ ва оғилхонаҳоро девори баланд бигиранд. Баландии девор бояд аз 2, 5 мерт кам набошад.
Дар хона нигоҳ доштани сагҳои чӯпонӣ барои посбонии ҳайвоноти хонагӣ ба мақсад мувофиқ буда, аз ҳамлаи гургу шағол, хирсу паланг ва дигар ҳайвоноти ваҳшӣ ҷилавгирӣ карда метавонад.