Formula novemver 2024
Ҳамкориҳои соҳибкорон бештар маблағгузорӣ мешавад
1268

 

Ҳамкориҳои байни корхонаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бештар маблағгузорӣ хоҳад шуд. Ҳадафи ин тасмим таҳкими ҳамгироӣ миёни кишварҳои узв арзёбӣ мешавад, то ҳамкориҳои бахши хусусиро такон бахшад.

- Бо ин мақсад иттиҳодия 1,8 млрд рубл ҷудо мекунад,- гуфтааст муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач ва афзудааст, ки “чунин тадбир боиси ҳавасмандии истеҳсолоти дохилӣ дар доираи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегардад”.

Зикр мегардад, ки қаблан намояндагони утоқҳои бозаргонӣ ва саноати кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё механизми маблағгузории ҳамкориҳоро дар ин иттиҳодия баррасӣ намуда буданд.

Мувофиқи маълумот, ба намояндагони беш аз 30 бонки кишварҳои ИИАО механизми маблағгузории кооператсияи саноатӣ ва ҷузъиёти татбиқи амалии он пешниҳод карда шудааст. Гуфта мешавад, ба бонкдорон аз ҷумла меъёрҳои интихоби лоиҳаҳо, талабот барои қарзгирандагон ва ташкилотҳои молиявӣ, имкони бозтамвили лоиҳаҳои амалкунанда, инчунин хавфҳое, ки ҳангоми татбиқи механизм ба вуҷуд меоянд, муфассал баррасӣ шудаанд.

Бояд гуфт, ки охири соли 2023 Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё низомномаро дар бораи интихоби лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва расонидани кумаки молиявӣ дар татбиқи онҳо аз ҷониби давлатҳои ИИАО тасдиқ карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД