Аз ҳамкориҳои Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон 30 сол пур шуд. Бо ин мақсад бо иштироки сохторҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмиллаӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолон ва ниҳодҳои СММ , ки дар кишвари мо намояндагӣ доранд, чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.
Сезин Синанолу, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар суханронии худ қайд кард, ки “Ман ифтихор дорам, ки СММ бо Ҳукумати ҶТ ва шарикон якҷоя барои амалӣ намудани нақшаҳои рушди миллии ҶТ мусоидат мекунад. Имрӯз мо вориди давраи нави ҳамкорӣ шудем - давраи “ҳамкорӣ” ба ҷои“кӯмак”. Нақши ҶТ дар пешбарии маърӯзаи ҷаҳонии об мисоли беҳтарини баркамол гаштани шарикии мост."
Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ иброз дошт, ки “30 соли ҳамкории судманд бо СММ ва ширкати фаъолонаи ҶТ дар фаъолияти ниҳодҳои он собит кардааст, ки СММ ва ҶТ ба шарикони боэътимод табдил ёфтаанд. Мо итминон дорем, ки кишвари мо минбаъд низ пешбурди ташаббусҳои глобалиро дар СММ идома медиҳад ва ҳамкориҳоро бо тамоми кишварҳои узви СММ таҳким хоҳад дод."
Дар чорабинӣ фаъолияти СММ аз соли 1993 инҷониб барои дастгирии ҶТ дар марҳилаҳои гуногуни рушди он баррасӣ гардида, шарикон имкон доштанд бо намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «СММ дар амал: 30 сол дар Тоҷикистон», ки дастовардҳои ноилшударо тариқи шарикии СММ ва ҶТ-ро инъикос мекунад, шинос шаванд.
СММ дар тӯли 30 соли фаъолияти худ дар ҶТ барои расидан ба сулҳу тавсеъа дар ҷумҳурӣ саҳм гузоштааст. Барномаҳои СММ як қатор бахшҳо ва мавзӯъҳоро дар бар мегиранд.
Дар чаҳорчӯби созишномаи нави ҳамкориҳои СММ ва ҶТ барои солҳои 2023-2026, ниҳодҳои СММ тасмим доранд, дар ин муддат ҳудуди 370 миллион доллари амрикоиро барои рушд маблағгузорӣ кунанд.