Меҳмони навбатии мо Амина Бобоева, зани хушбахтест, ки дар баробари ҳамсари меҳрубон ва модари ғамхори 4 фарзанд будан ҳамчунин бо пешаи омӯзгорӣ машғул аст ва фарзандони дигаронро низ таълиму тарбият медиҳад.
Вақте сухан дар бораи тайёр кардани духтарон ба хонадорӣ ва муносибати келину хушдоман рафт, ҳамсуҳбатамон чунин гуфт:
- Расули Акрам дар ҳадисҳои мубораки хеш мефармоянд, ки «Худо бо собирон аст» ва «Худованд шукргузоронро дўст медорад». Сабр калиди дари саодат аст, танҳо одами бо сабр ба қуллаҳои баланди мақсуд мерасад. Аз ҳамин хотир, модарон бояд ба духтарони худ аз кӯдакӣ кору бори хона, пухтупаз ва нозукиҳои дигари хонадориро омӯхта, духтаронашонро дар рӯҳияи сабру тамкин ва эҳтиром нисбат ба калонсолон тарбият намоянд.
Духтарро эрка кардан лозим нест, чунки аксари духтарони эрка баъди ба шавҳар баромадан сахт азоб мекашанд. Ба духтарон фаҳмондан лозим, ки ба калонсолон гап гардондан ва пешхезӣ кардан аз рӯйи одоб нест. Набояд фаромӯш кард, ки ба мардони тоҷик гап гардондани зан маъқул нест. Умуман, духтарро ба оиладорӣ тайёр карда, баъд ба шавҳар додан лозим аст.
Дар навбати худ хушдоманҳо низ бояд сабур бошанд. Келини нав чизеро нафаҳмад ё натавонад, ба ҷойи паст задану сарзаниш кардан бо гапи хуб хатоҳояшро фаҳмонанд ва роҳу равиши зиндагиро ёд диҳанд. Хушдоман сабур бошад, келин оҳиста-оҳиста ҳама корро ёд мегирад ва албатта аз модаршӯяш миннатдор шуда, ӯро ҳурмату эҳтиром мекунад.