Sebiston new 2024 october
Амина аз рӯи ихтисос кор накарду рӯ ба ҳунар овард
1806

Имрӯз яке аз ҳунарпешаҳои ҷавону маҳбуби театру синамои тоҷик Амина Ҳафизова ҷашни милод дорад.

Амина Ҳафизова соли 2001 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, маълумоти миёнаро дар ҳамин ҷо гирифтааст. Ӯ аз хурдӣ орзуи санъаткор шуданро дошту дар чорабиниҳои фарҳангии муассиса фаъолона иштирок мекард. Вале падару модари Амина намехостанд ӯ ҳунарпеша шавад.

Баъди хатми мактаби миёна бо хоҳиши модараш ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи технологии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси маркетолог супорида, онҷоро хатм намуд. Чун меҳри саҳна дар дилаш буд, ӯ аз рӯи ихтисоси таҳсил кардааш кор накарду рӯ ба ҳунар овард.

Ҳамин тавр, вақте мефаҳмад, ки дар студияи Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ҳунарпеша омода мекунанд, бе ягон фикру андеша рост рӯ меорад ба театр. Ба он ҷо дохил мешаваду онҷоро хатм мекунад. Баъди хатм то ҳол дар ин театр фаъолият дорад.

Амина Ҳафизова дар филми бисёрсериягии “Ишқ, пул, Душанбе” дар нақши марказӣ бозӣ карду шуҳратёр гашт ва ба ҳамагон ҳунари худро пешниҳод сохту мардум бисёр хуб қабул намуданд. Амина дар ин филм дар нақши Рияна бозӣ кардааст. Ҳамзамон, боз дар яке аз филмҳои ҳавии бисёрсериягӣ - “Хусури ман” низ дар нақши асосӣ ҳунарнамоӣ кардааст, ки шуҳрати ӯро дучанд намуд. Ҳамзамон баъди маъруфият дар чандин клиптаронаҳои сарояндаҳои машҳури тоҷик нақш офаридааст.

Ҳунарпеша зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj қайд кард, ки аввалин нафар модараш ва ҳамсараш ин рӯзи барояш хосро табрик намуданд.

Ҳамзамон, ӯ қайд намуд, ки ҷашни зодрӯзашро дар доираи оила ҷашн мегирад. Ӯ гуфт, ягона орзуяш ин аст, ки мехоҳад ба мисли дигар варзишгарону парчамбардорони кишвар бо ҳунари хеш парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ парафшон созаду каме бошад ҳам, барои муаррифӣ кардани театру синамои тоҷик дар ҷаҳон саҳми худро гузорад.

Ёдовар мешавем, ки Амина Ҳафизова оиладор буда, соҳиби як писар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД