Мутобиқи маълумоти расмии оморӣ, дар соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 153,4 млрд сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 8,4 фоиз баробар гардидааст. Дар ин бора Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки дар иртибот ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар сатҳи 104,1 фоиз таъмин карда шуда, ба буҷети мазкур зиёда аз 46,9 млрд сомонӣ ворид гардидааст. Иҷрои нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ бошад, бо дарназардошти грантҳо барои дастгирии буҷет дар сатҳи 109,2 фоиз таъмин гардида, воридоти маблағҳо 33,5 млрд сомониро ташкил додааст.
Мувофиқи иттилои Файзиддин Қаҳҳорзода, дар соли 2024 дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ карда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии кишвар 45,5 млрд сомонӣ равона гардидааст.
- Аз ҷумла, ба соҳаҳои мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 2,4 млрд сомонӣ, мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 5,3 млрд сомонӣ, маориф 8,8 млрд сомонӣ, тандурустӣ 3,7 млрд сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 6,0 млрд сомонӣ, фарҳангу варзиш 2,5 млрд сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 2,5 млрд сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ 7,1 млрд сомонӣ, кишоварзӣ 1,1 млрд сомонӣ, саноат ва сохтмон 354,6 млн сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 3,0 млрд сомонӣ равона карда шуд,- гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.