Ҷавонзани 19-сола аз шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ӯ 8-уми октябри соли 2022 вақтти дар дохили мағозаи «Билол» буданаш, ки воқеъ дар кӯчаи Айнӣ аст, бо роҳи пинҳонӣ ба ҳамёни электронии «Душанбе Сити»-и марди 55-солаи сокини пойтахт ворид гардида, аз суратҳисоби номбурда 3 ҳазору 268 сомониро ба суратҳисоби ҳамёни электронии худаш интиқол додааст.
Тарве Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст. Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.