Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5-уми феврал ба Девони Имомати Исмоилия дар робита ба даргузашти Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони 4 барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
Дар ин бора саҳифаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Телеграм хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки шоми дирӯз, 4-уми феврал шоҳзода Карим Оғохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар шаҳри Лиссабон - пойтахти Португалия дар синни 88-солагӣ даргузашт.