Arzon march 2024
Ҷамбасти ҳафтаи илм ва технология дар IT PARK
11.04.2025
Oila.tj
189

«Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» дар IT PARK-и пойтахт ботантана ҷамбаст шуда, ғолибони озмунҳои дар доираи ин чорабинӣ баргузоргашта бо мукофотҳои арзанда қадрдонӣ карда шуданд.

Дар ин бора аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Баргузории чунин чорабинию озмунҳои зеҳнӣ ба васеъ гаштани дониш ва ҷаҳонбинии насли наврас мусоидат намуда, малака ва маҳорати онҳоро ташаккул медиҳад ва барои рушди илму технология заминаи мусоидро фароҳам меорад.

«Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат баргузор гашта, ҳадафи ин чорабинии калон бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва технологияҳои навин мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД