Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки дар ноҳияи Айнӣ гулгашти ба номи Гулназар Келдӣ бунёд мегардад.
Гуфта шудааст, ки ин гулгашт дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят дирӯз дар диоари сафараш ба ин ноҳия ба корҳои сохтмонии гулгашт санги асос гузошта, аз хизматҳои Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёд кардааст.
Ёдовар мешавем ки шоири маъруф Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Ӯ муаллифи матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Қалбаш 13 августи соли 2020 аз тапиш боз монд.