Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаҳои саноатии Хуҷанд шинос шуд
11.11.2025
Oila.tj
111

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни боздид таъкид шудааст, ки фаъолияти босамари корхонаҳо ба таъмини ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ ва таҳкими иқтидори содиротии минтақа мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситораи тоҷ» дӯхти либосҳои махсуси корӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар содирот мегардад. Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лидер» бошад, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ шимҳои ҷинс бо бренди «Ҷадид» истеҳсол карда мешаванд, ки 99 фоизи таркиби он аз пахта иборат аст.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳо зарурати бунёди чунин сехҳои дӯзандагиро таъкид намуда, масъулинро вазифадор кардааст, ки ба рушди истеҳсолот ва содироти маҳсулоти ватанӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД