Бахшида ба Соли нави мелодӣ ба зиёда аз 550 нафар кормандони Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд кумакҳои ғизоӣ тақдим карда шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорон ва дигар кормандони масъули Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид доштааст, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.
Раҷаб Аҳмадзода таъкид доштааст, ки “ҳар гоҳе сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд, таровату мунавварии шаҳр ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати шумоён баҳои баланд медиҳанд”.
Раиси вилоят фарорасии Соли навро таҳният гуфта, ба онҳо саломативу саодати рӯзгор орзу намудааст.