Маҳсулоти лозима:
3 банан, 50 грамм хокаи какао, 110 грамм равғани кокос, чормағз.
Тарзи таҳия:
Ба лаълии тафдон коғази пухтупазӣ тунук карда, бананро реза кунед. Банан, какао ва равғанро бо блендер лат зада, омехтаро ба қолаб рехта, чормағз илова кунед. Нимаи соат дар яхдон нигоҳ дошта, баъдан чоркунҷа реза кунед.