arzon replenishment
ҲАЛОКАТИ МАРДИ 60-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ ОПЕЛ
1103


Аксари ҷавонони мошиндор ҳамин ки паси чамбарак нишастанд, худашонро шоҳу табъашонро вазир пиндошта, чунон бо шаст мошин меронанд, ки гӯё замину замон дар зери пояшон пояндоз гаштааст.

Албатта чунин беэҳтиётӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ метавонад ҳам ба сари ронанда ва ҳам ба сари пиёдагардон фалокатҳои хунбор орад. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳодисаи нохуше мебошад, ки боиси марги як инсон гашт.

Санаи 26-уми июн, тахминан соатҳои 21:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Холов Саломиддин Хайриддинович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ. Балхӣ дар шоҳрохи “Душанбе-Бохтар-Панҷи-поён” аз ӯҳдаи идора кардани автомашина набаромада, пиёдагард Ғоибов Заробиддин Илҳомиддинович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Қумсангир, деҳаи Ҳилолро пахш намудааст.

Дар натиҷа ин марди 60 сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид. Тафтишот аз рӯи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД