formula
Ҳалокати духтарчаи 11-сола ва ронанда дар садамаи нақлиётӣ
645


Вазорати умури дохилии кишвар азсар задани чанд садамаи хунин дар рӯзҳои охир хабар додааст, ки бар асари ин ҳдисаҳо чанд нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Тавре ки манбаъ менависад, рӯзи 18-уми сентябр, тахминан соатҳои 19:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шарипов Маҳмадсаид Латифович, соли таваллудаш 1984 сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Носири Хусрав ба самти ноҳияи Шаҳритус, дар ҳудуди деҳаи Комсомоли ноҳияи Носири Хусрав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба канори рости роҳ баромада ба як теппа бархӯрдааст.

Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ барошта дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Садамаи дигари маргбор рӯзи 19-уми сентябр, соати 12:00 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мазда-6», Исматов Зафарҷон Бобоҷонович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов, духтарчаи ноболиғ Эшназарова Ҳалимахон Илҳомҷоновна, соли таваллудаш 2011, сокини ноӽияи мазкурро, ки аз роҳ мегузашт, пахш намудааст.


Дар натиҷа, духтарчаи 11-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмнӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодсаҳо таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД