Arzon march 2024
Ҳалокати 6 зани тоҷик ҳангоми тавлиди фарзанд
1159


Дар давоми шаш моҳи соли равон дар вилояти Суғд 5 ҳолати фавти занон ҳангоми ба дунё овардани фарзанд ба қайд гирифта шудааст ва ба ҳисоби миёна моҳе як модар сари фарзанд меравад.

Дар ин давра ҳамчунин 397 ҳодисаи фавти кӯдакон ба қайд гирифта шуда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 72 нафар кам мебошанд.
Яке аз ҳодисаҳои фавти пурсару садои модар вақти тавлиди тифл дар Вилояти Суғд марги фоҷиавии Хурсанд Иброҳимоваи 34-сола, сокини ноҳияи Зафаробод буд. Ин зан рӯи тифли навзодашро нодида рафт. Хурсанд Иброҳимова фарзандашро бо роҳи ҷарроҳии чоки қайсар ба дунё оварда, баъди ин боз 4 маротибаи дигар бор ҷарроҳӣ шуд, вале дигар ба худ наомада, билохира аз олам даргузашт.

Ҳангоми таваллуди фарзанд ин занро бо баҳонаи паст будани қувваи биноияш ҷарроҳӣ карданд, вале амалиёти бурришӣ чоки қайсарӣ номуваффақ гузашта, боиси марги ин зан гашт, модари 4 фарзанд буд. Наздиконаш даъво карданд, ки Хурссанд бо пойи равон ба беморхона омада буд ва бо гуноҳи табибон ранҷу азобҳои зиёде кашида, пас аз 74 рӯзи таваллуди пурфоҷиа дар бемористон ҷон дод.

Табиби ҷарроҳе, ки амалиётро гузаронида буд, бо хоҳиши худаш ариза навишта, баъди ин амалиёти нобарор аз кор рафта, айни замон дар куҷо буданаш маълум нест. Магар мумкин аст, ки духтур ба хатоӣ роҳ дода боиси марги як инсн гардад ва “ду пойи дигар қарз карда” гурезад?! Ин дар ҳолест, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадашон таъкид мекунанд, ки “духтур ҳуқуқи хато кардан надорад, зеро ӯ бо ҳаёти инсонҳо сарукор мегирад”.

Дар ин таваллуди бебарор тариқи буриши қайсарӣ хушбахтона кӯдаки зиндаву солим мондааст, вале дидори ин тифлаки сарсахт бо модари ҷавонмаргаш дар Қиёмат монд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД