Вазорати умури дохилии кишвар аз марги 5 нафар бар асари ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ хабар додааст.
Тавре ки манбаъ менависад, санаи 4-уми ноябр, тахминан соатҳои 17:23-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Долун”, Маҳмудов Иброҳим Исроилович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Темурмалик, дар ҳудуди ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Муртазоев Саидтоҷиддин Саидмуҳаммадович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Муртазоев С.С. ва мусофиронаш Сафарова Нигина Сайфуллоевна, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Фархор ва Сайфуллоев Шамсулло Зоирович, соли таваллудаш 2021, сокинони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари ҳамин автомашина ноболиғ, Шоева Парвина Саидакрамовна, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Восеъ ва Қаюмов Хайриддин Мирзохонович, соли таваллудаш 1966, Азизов Сайфулло Шамсуллоевич, соли таваллудаш 1957, сокинони ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳдисаи дигари маргбр рӯзи 5-уми ноябр, тахминан соатҳои 15:45-дақиқа сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи “Муссо”, Искандархонов Сангалихон Амирхонович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Ишкошим, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Вранг ба самти деҳаи Зонг аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба соҳили дарёи “Панҷ” чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Кучакбеков Ҷонибек Ахмадбекович, соли таваллудаш 1987 ва Нилакова Савримоҳ Тамошоевна, соли таваллудаш 1979, сокинони ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Худи ронанда ва дигар мусофиронаш: Пилтабоев Бахтиёр Рустамбекович, соли таваллудаш 1995, Махонов Нозимхон Ҷалилович, соли таваллудаш 1979, Каримова Роҳнамоҳ Куканбековна, соли таваллудаш 1998, Аҳмадбеков Алибек Ҷонбекович, соли таваллудаш 2012, Давлатшоева Ҳусноро Мастоншоевна, соли таваллудаш 1985, сокинони ноҳияи Ишкошим ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.