Кормандони милитсияи пойтахт як марди 42-соларо боздошт намудаанд, ки дар қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад. Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин мард худро корманди милитсия муаррифӣ намуда, мардумро ғорат мекардааст.
“Бо ҷурми содир намудани силсилаи ҷиноятҳои қаллобӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино Набиев Дилшод, соли таваллудаш 1983 дастгир карда шуд. Номбурда худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, телефонҳои гаронарзиши шаҳрвандонро бо баҳонаи гузаронидани санҷиш тасарруф карда, азони худ мекадааст”,- омадааст дар хабар.
Айни замон аз кониби кормандони милитсия 10 ҳолати бо чунин шакл содир намудани ҷиноят аз ҷониби Набиев Дилшод ошкор карда шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад. Шахсоне, ки ба доми ин мард афтодаанд, метавонанд ба шуъбаи милитсия муроҷиат намоянд.