Sebiston new 2024 october
Қаллобӣ бо истифода аз акси чеҳраҳои машҳур
791

Маркази исломӣ ё Шӯрои уламои кишвар бо нашри як изҳорот дар сомонаи расмиаш аз истифодаи номи Саидмукаррам Абдуқодирзода, муфтии Тоҷикистон аз ҷониби қаллобон дар интернет хабар дода, аз корбарон хост “фирефтаи найранги ашхоси қаллобу фиребгар нашаванд”.

Онҳо аз аҳолии кишвар хоҳиш кардаанд, ки “барои дастрас намудани маълумоти дақиқ роҷеъ ба ҳар гуна масоили мавриди назарашон ба сомонаи Шурои уламо муроҷиат намоянд”.

Дар яке аз наворҳои қаллобон акси Раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода истифода гардида, зоҳиран чунин вонамуд мегардад, ки гӯё амали ин тоифа аз тарафи Шурои уламо тасдиқ гардида бошад”, - навиштааст сомонаи расмии ин ниҳод.

Ёдовар мешавем, ки тайи чанд вақти охир, қаллобон бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тойота”, “Беко”, бонки “Эсхата”, “Гасзпромнефт” ва шахсиятҳое, чун шаҳрдори Душанбе, ҳаммуассиси “Алиф-бонк” раисҷумҳури кишвар тариқи интернет бо баҳонаи иқдомҳои хайриявӣ сокинонро фиреб медиҳанд.

Аз ҷумла, чанде қабл гуруҳи қаллобон аз номи ширкати “Газпром” хабар нашр карда, гуфтанд, ки гӯё ширкат бо парлумони кишвар барномаи микросармоявиеро оғоз кардаанд, ки он баҳри ба даст овардани фоида тавассути сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ, асъорӣ ва ғайра нигаронда шудааст. Аммо, Вазорати корҳои дохилӣ шаҳрвандонро даъват кард, ки барои ба доми қаллобон наафтидан, аз ҳамкорӣ бо шахсони ношинос худдорӣ намоянд.

Баъди ин, таблиғоти дигаре аз номи ширкати “Алиф профит” пайдо шуд, ки бонуе дар назди хонаи боҳашамат ва автомобили қиммат истода, мегӯяд: “Қаблан ман фикр мекардам, ки муаллими одие мисли ман доир ба сармоягузорӣ чизеро сарфаҳм намеравад. Вале дар муддати ҳамагӣ ду ҳафтаи фаъолият маблағи ҳангуфте ба даст овардам, ки баробари маоши яксолаам дар мактаб аст (дар рӯйи экрани телефонаш рақами 65 200 сомонӣ намоён мешавад)”.

Дар идома графикҳои молиявӣ ва бинои “Алиф бонк” нишон дода шуда, дар зераш навишта мешавад: “Дигар ба шумо лозим намеояд, ки саҳар барвақт хеста ба кори дӯстнамедоштагиатон равед! Платформаи давлатии онлайнии “Alif Profit” ҳама шароитро барои шумо фароҳам меоварад. Таваккалҳоятонро (риск) давлат ва “Алиф бонк” ба уҳдаи худ гирифта, ба ҳамаи иштирокчиён пардохти муътадилро кафолат медиҳад”, ки инро баъдан раҳбарияти бонк рад карда, сохта номиданд.

Инчунин, сомонаи РВКД дар шаҳри Душанбе низ иттилоъ дод, ки зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, сокини шаҳри Душанбе Беҳрӯзи Субҳиддин (22-сола) барои кирдорҳои мардумфиребӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир гардид.

Ба иттилои ин ниҳод, номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои қалбакӣ бо номҳои «Солиҳин-ТВ» ва «Муҳаммад-ТВ» фаъол намуда, бо эълонҳои дурӯғ, ки гӯё ба афроди ниёзманд ёрӣ мерасонад, шаҳрвандонро ба доми фиребаш мекашидааст. Барои расондани кумак ва дар рӯйхати ниёзмандон шомил кардан аз онҳо маблағҳои гуногун талаб намуда, пас аз гирифтани пул дигар ба зангҳо ҷавоб надода, рақамҳои телефонашро хомӯш мекардааст. Аз ҷониби кормандони милитсия беш аз 20 ҳолати бо чунин шакл фиреб додан муайян шуда, ба шаҳрвандон аз 800 то 2 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

Пас, хонандагони азиз, шумо низ эҳтиёт кунед, то ба доми чунин қаллобон наафтед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД