Алимуҳаммад Фақиров, кӯдаки тахминан 5-6-сола аз ноҳияи Дарвози ВМКБ ният дорад, ки дар осмони ҳунар ситора шавад. Чанд рӯз пеш ӯ суруди ҷадидашро бо номи “Дарвози ман” нашр кард, ки то кунун клипи онро зиёда аз 60 ҳазор нафар тамошо кардаанд ва сафи тамошобинон ҳамоно дар ҳоли афзоиш аст.
Клипи мазкурро гурӯҳи калони эҷодӣ бо роҳбарии Акрам Мӯъминов давоми 10 рӯз дар минтақаҳои гуногуни Дарвоз сабт кардаанд. Шеър моли Саломатшоев Меҳрубоншо ва оҳанг аз Шодӣ Риоев мебошад. Сарпарасти ӯ дар роҳи ҳунар падараш аст. Фаромӯз Фақиров, падари Алимуҳаммад мегӯяд, писараш истеъдоди фавқулода дорад ва доим дар чорабиниҳои боғчаи бачагона, ки онҷо тарбия мегирад, иштирок мекунад. Алимуҳаммад дар сатҳи боғчаи бачагона аллакай ситора аст ва ӯро ҳама мешиносанд. Дар баробари истеъдоди воло доштанаш, кӯдаки доно, хушсухан ва самимӣ мебошад. “Машқи овоз мекунам. Шеърҳоямро мехонам.
Баъд ҳамроҳи хоҳараконам бозиҳои гуногун мекунем”,-мегӯяд, худи Алимуҳаммад. Феълан Алимуҳаммад ҳамроҳи оилааш дар Душанбе зиндагӣ дорад ва ҳар тобистон ҳангоми таътил ба ноҳияи Дарвоз, ба хабаргирии бобову бибияш меравад. Ҳар гуна ғизоро намеписандад, аммо хӯрокҳои бибияшро дӯст медорад. Фаридуни Хуршеро ба худ устод медонад ва сурудҳои Фирӯз Паллаевро зам-зама мекунад. То имрӯз ӯ дар репертуари худ ҳамагӣ се суруд дорад.