Arzon march 2024
Алимҷон ба Диана Гурская либоси тоҷикӣ тӯҳфа кард
909


Сарояндаи ҷавони тоҷик Алим Музофиров дар гала-консерти Ҷашнвораи 13-уми ҷаҳонии “Асои сафед” иштирок намуда, суруди “Что оставит ветер”-и сарояндаи шинохтаи рус Денис Майдановро бо худи муаллиф иҷро кард.

Ин ҷашнвора барои кӯдакони нобино ва биноияшон суст равона шудааст. “Гала-консерт ба рӯзи ҷаҳонии “Асои сафед” бахшида шуд. Ҷашнвораи мазкур аз тарафи Фонди хайриявии Диана Гурская ва Гранти Президенти Русия баргузор мешавад”-навиштааст пресса. тч

Алим Музофиров баъди ширкат дар ҷашнвора бо медал ва дипломи иштирокчӣ қадрдонӣ шуда, дар навбати худ аз номи намояндагони Тоҷикистон ба сарояндаи шинохтаи рус ва ташаббускори фестивал Диана Гурская хилъати тоҷикӣ тӯҳфа кардааст.

“Ширкат дар ин ҷашнвора ва сурудхонӣ бо сарояндаи номдори рус Денис Майданов, шиносоӣ бо ҳунарманди шинохтаи рус Диана Гурская барои ман боиси ифтихор аст”,- гуфтааст Алим Мусофиров дар ҷамъбасти ҷашнвора.

Алим Музофиров дар синфи сеюми мактаб-интернати №4 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Душанбе таҳсил мекунад. Ин писараки ҳунарманд гирифтори бемории миопия буда, хатари пурра аз даст додани биноӣ ҳар лаҳза таҳдидаш мекунад, вале Алим муборизи ҳақиқӣ буда, набардашро барои хушбахтӣ дар корзори ҳаёт идома медиҳад.

Сустбинӣ ӯро руҳафтода намекунад. Алимҷон маънии ҳаёташро дар мусиқӣ пайдо карда, аз синфи якумиаш ба ҳунари сарояндагӣ рӯ овардааст. Волидоонаш ӯро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунанд. Умед аст, ки Алимро ояндаи рӯшан ва саҳнаи бузурги ҳунарӣ интизор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД