sebiston july new
Алимент баъди чанд рӯзи баромадани Ҳалномаи суд супорида мешавад?
626

Мегӯянд, ки ҳалнома дар муддати 30 рӯз ба қувваи қонунӣ медарояд. Пас, алимент низ баъди 30 рӯзи баромадани ҳалнома рӯёнида мешавад? Оё барои алимент низ боҷи давлатӣ ситонида мешавад?

Посух
Ба саволҳои хонандагони «Оила» ҳуқуқшинос Зафар Қурбонов ҷавоб медиҳад.
-Ҳалномаи рӯёнидани алимент новобаста аз ба қувваи қонунӣ даромаданаш, дарҳол ба иҷро расонида мешавад. Мутобиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи боҷи давлатӣ» дар вақти супоридани аризаи даъвогӣ дар бораи рӯёнидани алимент, аз ситонанда- даъвогар боҷи давлатӣ ситонида намешавад. Вале, вақте алимент мутобиқи ҳалномаи суд муқаррар гашт, боҷи давлатӣ аз ҳисоби алиментсупоранда ситонида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД