Arzon march 2024
Ҷалби тоҷикон барои омӯзиши касбҳои гуногун дар Олмон
217

Масъалаи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои омӯзиши касбҳои гуногун дар Олмон зимни мулоқоти Имомудин Сатторов, Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо намояндагони ниҳодҳои соҳибкории ин кишвар баррасӣ шудааст.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Мудири иҷроияи Иттиҳодияи федералии соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (BVMW International) Андреас Ян ва Мудири генералии ширкати «Janser Consult GmbH» Сергей Серебранский мулоқот намудааст.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ, доир намудани чорабиниҳо оид ба муаррифии зарфияти иқтисодии Тоҷикистон ва Олмонро баррасӣ кардаанд. Тавре “Ховар” дар такя ба Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад, ҷонибҳо инчунин масъалаи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистонро барои омӯзиши касбҳои гуногун дар Олмон баррасӣ намудаанд.

Иттиҳодияи федералии соҳибкорони хурду миёнаи Олмон иттиҳодияи мустақиле аст, ки манфиатҳои беш аз 3,3 миллион ниҳоди соҳибкории хурду миёна дар Олмонро намояндагӣ мекунад. BVMW бо намояндагиҳои хориҷии худ дар зиёда аз 75 кишвари ҷаҳон ба соҳибкорони олмоние, ки мехоҳанд дар хориҷа тиҷорат пеш баранд, мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД