35 years of independency
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози давлатҳои узви ИДМ
23.10.2026
Oila.tj
61

Имрӯз, 23-юми октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим ҷаласаи XXXIII Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.

1_47

Дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо сухани истиқболӣ баромад кард. Дар назди иштирокчиёни ҷаласа инчунин Котиби генералии ИДМ Трефилов Денис Анатолевич суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар тӯли солҳои зиёд дар мустаҳкам кардани дӯстӣ, эътимоди тарафайн ва ҳамкории созандаи байни давлатҳои узви ИДМ нақши муҳим дорад.

2_77

Махсусан муҳим аст, ки дар доираи Иттиҳод ва шуроҳои ихтисосии он гуфтугӯи устувор нигоҳ дошта шуда, он барои ҳаллу фасли масъалаҳои актуалии соҳавӣ, табодули таҷриба ва пайдо кардани қарорҳои муфид барои манфиатҳои кишварҳо ва халқҳоямон имконият фароҳам месозад.

3_69

Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ натиҷаҳои фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андоз дар солҳои 2025-2026, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои кории назди Шурои ҳамоҳангсозӣ муҳокима ва масъалаҳои имкониятҳои истифодабарии абзори зеҳни сунъӣ барои беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, дар маҷмуъ, аз ҳамкории байналмилалӣ ва гардиши электронии ҳуҷҷатҳо оғоз карда то истифодаи системаҳои идоракунии хатарҳо ва воситаҳои муосири таҳлилӣ баррасӣ карда шуданд. Дар ҷаласа қайд шуд, ки қарорҳои қабулшуда барои мустаҳкам намудани робитаҳои касбӣ ва татбиқи ташаббусҳои нав истифода хоҳанд шуд.

4_55

Имсол аз рӯзи таъсисёбии Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози давлатҳои узви ИДМ 25 сол пур шуд.

Ба ифтихори 25-солагии Шурои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамчун нишони эътирофи саҳми пурарзиши як қатор роҳбарон ва коршиносон дар фаъолияти Шуро ва рушди ҳамкории касбӣ бо ҳамдастии Кумитаи иҷроияи ИДМ онҳо бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ қадрдонӣ шуданд.

6_29

Бо ҳамин ҷаласаи сиюсеюми Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози давлатҳои узви ИДМ кори худро анҷом дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД