Солҳои охир як идда афроди худобехабар интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро барои қасос гирифтан истифода бурда, бо роҳи мантаж акси занону духтаронеро, ки нисбаташон ягон қасд ё хусумати шахсӣ доранд, ба тани урёни моделҳо часонда, баъдан бо мақсади бадном ва шарманда кардани он зан ё духтар дар интернет паҳн мекунанд.
Чунин як амали баномкунанда боиси даст ба худкушӣ задани Раҳима ном як донишҷӯдухтари тоҷик дар Русия гаштааст. Мақомоти тафтишотии шаҳри Москва марги як донишҷудухтари тоҷикро таҳқиқ доранд, ки ҷасадаш чанд рӯз қабл аз зери чархи қатора пайдо шуда буд.
Раҳима Каримоваи 21-cола, донишҷӯи соли чоруми донишгоҳи иктишофӣ-геологии Маскав субҳи рӯзи 9-уми декабр худро ба зери чархи қатора партофт, вале ҷасади ӯро мақомот ҳанӯз ба наздиконаш насупурдаанд.
Ба гуфти пайвандонаш чанд моҳи ахир бо номи ӯ дар Инстаграм саҳифае пайдо шудааст, ки дар он шахси ношиносе аксҳои монтаж шудаи ин духтараки ҷавонро нашр мекард. Дар ин саҳифа Раҳимаро чун духтари бадахлоқ муаррифӣ мекарданд.
“Дар як номае, ки ба гуфтаи наздиконаш, онро Раҳима як шаб пеш аз ҳодиса навиштааст, ӯ аз касе ном набурдааст, вале аз наздиконаш узр пурсидааст, ки ба хотири вай азият мекашанд. Раҳима гуфтааст, аз ин ҳолате, ки дорад, беҳтар аст “мурда равад”, чун худашро “хеле бад мебинад.” Дар нома аз падараш узр пурсидааст: “Пап, мебахшед.
Ман аз шумо чӣ қадаре узр пурсам, кам аст. Илтимос аз ман розӣ шавед. Чанд бор гуфтед, ки сари маро хам кардед. Мебахшед, Пап, ба рӯи шумо нигоҳ карда наметавонем.”-навиштааст Бомдод. Аз нома дида мешавад, ки зоҳиран пас аз нашри аксҳои монтаж карда шудааш наздиконаш ба Раҳима шубҳа кардаанд.
“Модар, ту чанд бор пурсидӣ, ки ту духтар ҳастӣ ё не. Қасам ба Худо, ки духтарам. Ором шавед,”-навиштааст ин духтараки ҷавонмарг. Аксҳои Раҳимаи нокомро кӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекард ва нисбати ин духтари ҷавон чӣ хусумат дошт, ҳанӯз маълум нест.