Раҳбарияти ҷунбиши “Толибон”*, ки қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, тибқи як фармон кошонаҳои ҳусн ва пардозхонаҳо барои занон дар ин кишварро бастанд. Дар ин бора Муҳаммад Суҳайл Шоҳин, раиси дафтари сиёсии “Толибон”* дар Доҳа хабар дод.
Ба иттилои шабакаи телевизионии «Ал-Арабия» бо такя ба ин манбааш, роҳбарияти “Толибон”* дастур додааст, ки кошонаҳои ҳусн барои занон пурра баста шаванд. Ба гуфтаи онҳо, ҳукумати “Толибон”* ба соҳибмулкон муддати даҳ рӯз муҳлат додааст, ки пардозхонаҳояшонро пурра банданд. Илова бар ин, ин гуруҳ кори духтаронро дар марказҳои савдо низ пурра манъ кардаанд.
Бояд гуфт, ки “Толибон”* аз замони ба қудрат расидан дар соли 2021 маҳдудиятҳое ҷорӣ кардаанд, ки ба ақидаи онҳо, ба арзишҳои исломӣ мувофиқанд. Аз ҷумла, занҳои корманди телевизионро ба пӯшидани ҳиҷоб муваззаф карданд, намоиши филмҳо ва барномаҳои драмавӣ бо иштироки ҳунарпешаҳои зан, дарси духтарон дар донишгоҳҳо, таълими омӯзгорони занро дар донишгоҳҳо мамнӯъ эълон карданд.
Онҳо инчунин фармон доданд, ки занон аз кор дар тамоми созмонҳои ғайридавлатии миллӣ ва байналмилалӣ дур карда шаванд. Ин тасмимҳо мавҷи интиқодҳои як қатор давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳидро ба бор овард, вале новобаста ба ин ҳанӯз тасмимгирии ин ҳаракат дар мисоли занон идома дорад.
*-ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон