Ман Сабрина, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам. Ману апаам бо вуҷуди он ки бо сару либоси аврупоӣ мегаштем, аз хати кашидаи падару модарамн берун намебаромадем. Падарам дар тарбияи мо хеле сахтгир буданд. Вақте ки мактабро хатм мекардам, бо ҷавоне шинос шудам. Волидони ману волидони Акмал аз вохӯриҳоямон хабар доштанд ва бояд моро фотеҳа мекарданд.
Дар вохӯриҳое, ки мо анҷом медодем, ба Акмал имкон намедодам, ки ба ман наздик шавад. Вай аз ин корам ба ғазаб омада, мегуфт, ки рафиқонаш бо дӯстдоштаҳои худ ҳамхоба мешаванд ва инро нишонаи муҳаббати духтар мешуморид. Боре Акмал дар кӯча маро маҷбур бӯсиданӣ шуда, дар ҷавоб аз ман як шаппотӣ хӯрд. Дӯстдоштаам чанд муддат бо ман қаҳрӣ шуд. Ман ҳам ҳушу ёдамро ба хондан гирифта, ӯро кам-кам фаромӯш кардам. Чунин рафтори ман боиси қаҳру ғазаби Акмал гашта аз пайи ниқоргирӣ шуд. Пеши роҳамро гирифта, таҳдид мекард, ки агар бо ӯ гап назанам, дар бораам щар хел овозаҳои дурӯғ паҳн карда, обрӯямро мерезонад. Вай ҳатто ба назди волидонам омада, чӣ гапу туҳматҳое дар ҳаққи ман накард. Хушбахтона волидони дурандешам, ки ба мо- фарзандонашон боварӣ доштанд, маро дастгирӣ карданду Акмалро аз дари хонаамон шармандавор пеш карданд. Баъди чанде бо ҷавони дигаре шинос шуда, ба шавҳар баромадам. Ҳоло зиндагии хубу осоишта дорам. Аз он ки аз Акмал барин номард бо сари баланд халос шудам, аз волидонам миннатдорам. Ба духтарон гуфтанӣ ҳастам, ки ҳеҷ гоҳ ба доми чунин ошиқони худхоҳ наафтанду ҳаёти худро насӯзонанд.
С.Б