Ман Мадина, 23 сол дорам. Ҳангоми дар синфи 11 хонаданам бо як ҳамсинфам якдигарро дӯст доштем. Муддати 3 сол муносибати ошиқона доштем, вале Акмал боре ба хонаамон хостгор нафиристод.
Ҳамеша баҳона пеш меовард, ки дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунанду имкони маро ба занӣ гирифтану тӯй карданро надорад.Ба Акмал сахт дил баста будам, лаҳзае бе ӯ нафас кашида наметавонистам. Кор ба ҷое расид, ки боре ҳангоми мулоқоти ошиқонаамон ман домони исматамро доғдор намудам. Вале Акмал ҳамоно дар фикри оиладор шуданамон нест. Қариб ҳар рӯз ба хонаамон хостгорони зиёде меоянд, дилам ба орзуву ҳавасҳои модарам месӯзад. Чандин маротиба ба Акмал гуфтам, ки ба хотири шарманда нашудан ба тамоми шарту шароитҳояшон розӣ ҳастам, фақат маро ба занӣ гирад, кофӣ аст.
Ошиқи беаҳдам бошад, дар посух мегӯяд, ки беҳтараш умедамро аз ӯ канда, ягон духтур ёфта, бакоратамро барқарор кунам. Аз кори кардаам сахт пушаймонам, дилам аз ин номарду фиребгар ях шудааст, вале ба хотири аз шармандагӣ халосӣ ёфтан розиям зани Акмал шавам. Вале ӯ маро ба занӣ гирифтан намехоҳад. Илтимос, маслиҳати худро аз ман дареғ надоред.