Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон аз вазифа озод карда шуд. Дар ин бора як манбаъ аз вилоят ба "Оила" хабар дод.
Ба зикри манбаъ, ба ҷойи ӯ Давлаталӣ Саид раиси вилояти Хатлон таъин шуд. Ӯ то таъин шудан муовини аввали сарвазири кишвар буд.
Манбаъ гуфт, Ҳакимзода вазири кишоварзӣ таъин шуд. Мақоми Саъдӣ Ғафор, ҳамакнун вазири собиқ маълум нест.