Маҳсулоти лозима:
3-4 дона картошка, 300 грамм гӯшти қимма, 1 пиёз, намаку мурч, 50 грамм панир, 10 грамм равғани маска.
Тарзи таҳия:
Ба қима намаку мурч илова кунед. Картошкаро пӯст карда, аз байн ду пора кунеду дилаашро бо корд бурида гиред. Ба даруни картошка қимаро пур карда, аз болояш каме равғани маска гузореду ба даруни қолаби пухтупазӣ гузоред ва 150 мл об илова кунед. Қаиқчаҳои картошкагинро муддати 40 дақиқа дар ҳарорати 180 дараҷаи тафдон пазед.