Аҷибтарин анъанаҳои солинавӣ дар ҷаҳон
30.12.2025
Oila.tj
121

Ба фарорасии Соли нави мелодӣ ҳамагӣ як шабонарӯзи дигар вақт боқӣ мондааст ва одамон дар қитъаҳои гуногуни олам ба ин ид омодагӣ мебинанд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи аҷибтарин анъанаҳои солинавӣ дар ҷаҳон маълумот медиҳем.

Вайнахтсман - Бобои Барфӣ

Бобои Барфӣ дар Олмон Вайнахтсман ном дорад. Фарқияти Бобоии Барфии Олмонӣ аз дигар ҳамтоёнаш дар он аст, ки вай дар як дасташ барои кӯдакони гапногир калтак барои ҷазо додан ва дар дасти дигараш барои кӯдакони боодоб халтаи туҳфаҳо дорад.

Соли Нав - шаби бехобӣ

Дар шаби Соли нав дар Италия ҳеҷ кас хоб карда наметавонад, чунки салютҳо тамоми шаҳрро равшан мекунанд. Мардуми ин кишвар то субҳ бозиҳои гуногун ва шодиву хурсандӣ мекунанд. Ба эътиқоди италявиҳо, касеро, ки шумо нахуст дар аввали сол дар кӯча вомехӯред, аҳамияти бузург дорад. Бадбахтист, агар он коҳин ё кӯдак бошад. Итолиёвиҳо бар он боваранд, ки агар мӯйсафеде дар роҳ ба шумо дучор ояд, то охири сол хушбахтӣ ва некӯаҳволӣ шуморо ҳамсафар мегардад.

5 анъанаи солинавии мардуми Испания

Испания 5 анъанаи махсуси солинавӣ дорад.

Якум: хӯрдани 12 ангур (дар ҳар як зарбаи курантҳои соат яктоӣ ангур мехӯранд).

Дуюм: агар касе дар шаби Соли нав ба шумо шампон пешниҳод кунад, эҳтиёт шавед, чун метавонед тасодуфан ҳалқаи тиллоро, ки аз рӯи анъана ба шишаи дурахшон меафтад, фурӯ баред. Ба ақидаи онҳо тилло дар шишаи шампон хушбахтӣ меорад.

Сеюм: испаниҳо Соли навро бо либоси сурх пешвоз мегиранд. Мегӯянд, ки сурх бахт меорад ва қувваҳои бадро аз кас дур мекунад.

Чорум: ҷавонони испанӣ дар Соли нав вақтхушиҳои худро доранд. Онҳо номҳои ҳамаи ҷавонон ва духтарони дар ҷашн ҳузурдошта, инчунин номҳои ҳамаи шиносонеро, ки ба ёд доранд, дар коғазҳо менависанд. Баъд аз қуръакашӣ ҳар кас ҷуфти худро меёбад. Албатта, коғазҳои ҷавонписарон ва духтарон омехта намешаванд.

Панҷум: ҳамин ки соат занги нисфи шабро дар майдони шаҳр зад, мардум кифи зебои пур аз шириниҳоро гирифта дар майдони шаҳр ҳамдигарро табрик мекунанд.

Соли нав ё иди гулҳо?

Мардуми шимоли Ҳиндустон худро бо гулҳои сафед, гулобӣ, сурх ва арғувонӣ оро медиҳанд. Дар маркази Ҳиндустон биноҳо бо парчамҳои рангоранг, асосан норинҷӣ оро дода мешаванд. Дар ғарби Ҳиндустон чароғҳои хурдеро дар болои бомҳо фурӯзон мекунанд. Ҳиндуҳо қоидаи махсуси тақдим кардани туҳфаро доранд. Масалан, туҳфаҳоро барои кӯдакон дар табақчаи махсус гузошта, саҳар онҳоро бо чашмони баста ба назди табақча меоранд. Онҳо ба тарзи дигар тақдим кардани туҳфаро намеписанданд.

Бобои Барфӣ бо либоси шиноварӣ

Соли нав дар Австралия иди тобистона аст, зеро он дар нимкураи ҷанубӣ ҷойгир шудааст. Дар он ҷо Бобои барфӣ ҳангоми ҷашн бо либоси шиноварӣ, кулоҳи сурхи пӯпакдор ва риши дарози сафед пайдо мешавад. Бо омадани Бобои барфӣ австралиягиҳо оташбозӣ ва ҳар гуна бозиҳои дилхушкунанда баргузор мекунанд.

Санта Клаус на дар майдон, балки дар соҳил пайдо мешавад ва соли ояндаро аз уқёнусҳо меорад, на аз ҷангалҳо ва водиҳои барфпӯш.

3 разми Соли нав дар Ҷопон

Дар хонаи ҷопониҳо барои пешвоз гирифтани соли нав се чизро мегузоранд: бамбук, ки рамзи зуд калон шудани кӯдакон аст, олу – рамзи ёрдамчиёни қавӣ ва санавбар – рамзи дарозумрӣ. Ҷопониҳо соли навро ҳангоми баромадани офтоб ҷашн мегиранд.

Ҷашни Соли нав дар моҳи феврал

Соли нави Чин дар охири моҳи январ ё оғози феврал баргузор мешавад. Ҷашн 15 рӯз давом мекунад. Дар ин вақт одамон либоси сурх, ки рамзи хушбахтӣ аст, пӯшида, дар паради аждаҳо ва оташбозиҳо ширкат мекунанд. Дар вақти ҷашн конвертҳои сурх бо пул, ки “хунбао” номида мешавад, тақдим карда шаванд. Ба иқидаи онҳо ин хушбахтӣ ва ривоҷи молиявӣ меорад.

Ball Drop” дар Амрико

Дар Иёлоти Муттаҳида Ню-Йорк маркази ҷашнгирии Соли Нав мебошад, ки дар он анъанаи чорабинии “Ball Drop” дар назди бинои “Таймс-сквер” баргузор мешавад. Ҳанӯз соли 1895 дар назди Кохи Сафед аввалин гирляндаи барқии дурахшон дар ҷаҳон овезон карда шуд, аз ин ҷо анъанаи навиштани “вазифаҳои солинавӣ” бо ваъдаҳо ва нақшаҳои соли оянда дар саросари ҷаҳон паҳн гардид. Вақте соат 12-и шабро нишон медиҳад, гулдастаи калон поён фаромада, мардум рақсу бозӣ ва оташбозиро оғоз мекунанд. Онҳо дар кӯчаҳо ҷамъ мешаванд ва Соли навро ба ҳамдигар табрик гуфта, орзуҳои нек мекунанд.

Люсия – маликаи нур

Дар арафаи Соли нав кӯдакони Шветсия интихоботи Люсия – маликаи нурро баргузор мекунанд. Духтари ба ин вазифа таъиншуда либоси сафед ва тоҷ мепӯшад, ки дар он шамъҳои фурӯзон насб шудаанд. Люсия ба ҳайвоноти хонагӣ хӯрок медиҳад ва ба кӯдакон туҳфа тақдим мекунад. Иди нур бо чароғҳои дурахшон дар кӯчаҳо ва хонаҳо гузаронида мешавад.

Нома ба Бобои Барфӣ

Таърихи ҷашни Соли нав дар шаби 31-уми декабр ба 1-уми январ дар Русия танҳо дар охири асри XVII иваз шуд. Ин фармонро Пётри I дар соли 1699 имзо кард. Ғайр аз ин, император системаи солшумориро тағйир дод. Ҳамин тариқ, соли 7208 ба соли 1699 табдил ёфт. Дар Соли нав кӯдакон ва калонсолон ба Бобои барфӣ ва Барфак нома навишта, дар зери арчаи солинави мегузоранд ва субҳи дигар туҳфи Бобои Барфиро аз зери арча мегиранд.

Соли нав дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон замони Шуравӣ тамоми мардум Соли навро бо шукӯҳу шаҳомати зиёд ҷашн мегирифтанд, вале солҳои охир бархе таҷлили Соли навро нораво медонанд. Аммо дар асл соли нав оғози боз як соли нави ҳаёти мову шумо буда, таҷлилаш танҳо шодиву нишот меорад. Ба ҳар сурат ҷомеаи Тоҷикистон озод аст ва ҳар шахс мувофиқи майли худ амал мекунад. Онҳое, ки Соли навро таҷлил мекунанд, ба ин ид бо табъи болида омодагӣ дида, хонаву дари худро оро медиҳанд, барои наздиконашон туҳфаҳои гуногун гирифта, умед бар он мебанданд, ки соли нав барояшон як ҷаҳон бахту иқболи нав меорад.

Соли наватон муборак!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД