Дар Тоҷикистон ҳуқуқшинос - зеҳни сунъӣ пайдо шудааст, ки масоили ҳуқуқиро шарҳ медиҳад.
AI Moni як барномаи хидматрасонии ройгони иттилоотӣ мебошад, ки дар дарку фаҳмиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз андоз то қонуни замин кумак мекунад. Он бандҳои қонун ва муқаррароти дахлдори ҳуқуқиро пайдо намуда, онҳоро бо забонҳои гуногун - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, қазоқӣ ва ғайра шарҳ медиҳад.
Мундариҷаи он аз ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии дастраси омма асос ёфтааст, аммо таҳиягарон таъкид мекунанд: Монӣ ивазкунандаи ҳуқуқшинос нест, машварати ҳуқуқӣ намедиҳад ва метавонад тағйироти охиринро дар қонунҳо инъикос накунад.
Ин барномаи хидматрасон дар Telegram низ дастрас буда, аллакай 52 муштарӣ дорад. Офарандагонаш таъкид мекунанд, ки Монӣ айни замон дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор дорад ва фикру мулоҳизаҳои корбарон ба беҳтар кардани ҷавобҳои он кумак хоҳад кард.
Ба Монӣ чӣ тавр бояд савол дод?
Ҷавоби дуруст гирифтан аз тарзи дурусти саволгузорӣ вобастагӣ дорад. Саволҳо бояд чунин оғоз ёбанд:
Қонун дар бораи... чӣ мегӯяд?
Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои... чист?
Дар кодекси... барои... чӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст?
Мисол:
Агар корфармо музди корро ба таъхир андозад, қонун чӣ мегӯяд?
Иҷорагир тибқи Кодекси гражданӣ чӣ ҳуқуқҳо дорад?
Мерос чӣ гуна ҳуҷҷатгузорӣ карда мешавад?
Платформа танҳо бо қонунгузории Тоҷикистон кор мекунад ва асноди ҳуқуқӣ эҷод намекунад.