Аз ҷониби истифодабарандагони об дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳақи хизмати обрасонӣ ба маблағи 12,2 млн сомонӣ пардохт карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16,7 млн сомонӣ кам мебошад. Ин маблағ 14 фоизи арзиши оби додашударо ташкил медиҳад.
Ин нукта имрӯз, 25-уми июл аз ҷониби Давлатзода Зафарбек, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ зикр гардид.
Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба миқдори 80 млн сомонӣ обрасонӣ карда шуда, аз ин миқдор 50 млн сомонӣ пардохт карда шудааст.
- Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳақи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 46,7 млн сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, ба фоидаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 6,7 млн сомонӣ рӯёнида шудааст,- гуфт директори Агентӣ.