Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эҳтимоли тармафароӣ дар рӯзҳои наздик хабар дод.
- Рӯзҳои 4-6-уми марти соли ҷорӣ бинобар сабаби боришот дар баъзе минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74-уми шоҳроҳ) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест,- иттилоъ дод манбаъ.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳоли набудани зарурат, аз сафар ба минтақаҳои кӯҳиву доманакӯҳӣ худдорӣ намоянд.