Дар нимсолаи якуми соли 2026 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз нигоҳи зиддикоррупсионӣ мавриди экспертиза қарор додааст.
Дар ин бора роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода хабар дод.
Бино ба маълумоти Агентӣ, дар натиҷаи санҷиш дар 134 лоиҳаи санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор гардида, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас ирсол шудаанд.
Ҳамчунин, кормандони Агентӣ бо мақсади пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии шаҳрвандон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 840 вохӯрӣ баргузор кардаанд.
Дар ин давра барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба коррупсия нисбати 940 нафар шахси масъул парванда оғоз гардида, ба маблағи умумии 1,5 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ таъин шудааст.