Formula novemver 2024
Агентӣ: Нашъамандон аз ҳисоби занҳо зиёд шудаанд
281

Дар нимсолаи аввали соли 2024 тибқи омори расмӣ 4066 нафар нашъаманд дар қайд мебошанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117 нафар коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора Самад Зафар, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ҳамчунин илова карда шуд, ки аз теъдоди зикргардида 109 нафар зан мебошад, ки ин шумора нисбат ба ин давраи соли гузашта 6 нафар зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки дар нимсолаи якум аз ҷониби кормандони Агентӣ 93 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шуда, 101 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Ба ғайр аз ин Агентӣ 8 ҷинояти дигарро бо моддаи 244, 284 ва 307 КҶ ҶТ ошкор кардаву мавриди тафтишот қарор додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД