arzon replenishment
Агар зан шавҳари мурдаашро хоб бинад, чи ҳодиса рӯй медиҳад?
1338


Салом! Ман зани 50-сола ҳастам ва чандон пир набошам ҳам, вақтҳои охир саломатиам хуб нест.

Дорую дармони табибон ба ман ягон зарра фоида накарда истодааст. Чанд шаб боз шавҳари худораҳматиам, ки ҳанӯз 5 сол пеш аз олам гузашта буд, ба хобам медарояд. Мегӯянд, ки хоб дидани мурдаҳо чандон хуб нест ва аз сар задани ягон ҳодисаи нохуш дарак медиҳад.

Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

Гулҷамол, аз ш. Кӯлоб

Посух

Аслан ба хоби зиндаҳо даромадани шахсоне, ки кайҳо аз олам гузаштаанд, ягон ҷойи ташвишу изтироб надорад. Азизони аз олам гузаштаамон ба он хотир ба хоби мо медароянд, ки худи шахс аз ин дунё рахти сафар баста, дигар дар канорамон набошад ҳам, меҳраш, хотираи некаш ҳамеша дар диламон зинда аст.

Махсусан фаромӯш кардани ҳамсар бисёр душвор аст. Кас наметавонад шахсеро, ки солҳо ҳамроҳаш ба як болин сар ниҳода, тамоми неку бади зиндагиро бо ӯ тақсим кардааст, ба осонӣ аз ёдаш барорад.

Ҳамсарон ду нимаи як пайкаранд ва ҳатто марг низ наметавонад онҳоро абадан аз ҳамдигар ҷудо созад. Ақидае вуҷуд дорад, ки баъди марг низ рӯҳи шавҳар ё зани вафодор амеша аз оилаи худ ва аз ҷуфташ муҳофизат мекунад, вале таъбири хоб аз ҷузъиётҳои хоби дидаи шахс вобастагӣ дорад.

Шавҳари кайҳо аз олам гузаштааш дар хоби зан сиҳату саломат ва вақташ хуш бошад, ин фоли нек буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки рӯҳи ҳамсараш дар биҳишти ҷовидон дар оромиш қарор дорад. Мурда ба он хотир ба хоби азизи дилаш медарояд, ки бигӯяд, ташвиш накашед, ҳоли ман дар он дунё хеле хуб аст.

Аммо шавҳари худобиомурзатон бемор, рангпарида ва ё бо чеҳраи заҳиру ғамгин дар хоби шумо дарояд, нишонаи он аст, ки руҳаш ба дуову фотиҳа ниёз дорад. Шахсе, ки чунин хоб мебинад,бояд ба қадри имкону тавоноии худ хайру садақа карда, ба руҳу арвоҳи ҳамсараш дуову фотиҳа фиристад ва аз худованд бахшиши гуноҳҳои ҷуфташро талаб намояд.

Ба хоби зан даромадани шавҳари кайҳо аз олам гузаштааш метавонад як навъ огоҳӣ низ бошад. Азбаски мард дар зиндагӣ муҳофизи аҳли оила, махсусан зан мебошад, баъди марг низ руҳаш мехоҳад аз хонаводаи худ муҳофизат намояд.
Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки арвоҳи шавҳар ба он хотир ба хоби зан медарояд, ки ӯро аз сар задани ягон фалокат ё ҳодисаи нохуш хабардор созад. Касе, ки чунин хоб мебинад, бояд эҳтиёткор ва нисбати саломатию бехатарии худ бодиққат бошад.

Хулоса, маслиҳати мо ба шумо он аст, ки фикру андешаҳои нохушро аз саратон дур намуда, табобатро идома диҳед. Агар имконият дошта бошед, ба ягон маъюб, ятим, бевазан, бемор ё шахси дигари ниёзманд чизе хайр кунед ва албатта бо дуову фотиҳа руҳи шавҳаратонро шод созед. Шарт нест, ки ҳатман ба хона мулло оварда, қуръонхонӣ кунед. Беҳтарин дуою фотиҳа дуоест, ки зан дар ҳаққи шавҳари раҳматиаш худаш мехонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД