Ман аз бахти якумам ҷудо шуда, се сол пеш бо марди дигаре оила барпо намудам. Вақтҳои охир муносибатҳоямон бо шавҳари дуюмам низ чандон хуб нест. Шаби гузашта хоб дидам, ки бо мақсади зиндагӣ кардан ба хонаи шавҳари якумам рафтаам, вале дар хонае, ки пештар ману шаварам мезистем, хоҳаршӯям, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, зиндагӣ мекардааст. Дар хобам дар хона касе набуд ва ман аз фурсат истифода бурда, мехостам гарданбанду ангуштаринҳои тиллоии хоҳаршӯямро дуздам, вале ҳамин вақт соҳибашон баргашту аз шарм худро гум карда, баҳона пеш овардам, ки ин чизҳои боарзишро дар сари роҳ намонад, ки дузд мебарад. Ин гапро гуфтаму худам аз шарм суп –сурх шуда, давида аз хонаашон баромадам ва аз хоб бедор шудам. Ман дар умрам хаси касеро надуздидаам, барои ҳамин ин хоб бисёр ноҳинҷорам кард. Илтимос, бигӯед, ки дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?
Ашӯрова Чумагул, корбари Инстаграмм
Хоҳари азиз, барои таъбири хоби шуморо фаҳмидан мо ба чандин хобномаҳои исломӣ назар кардем. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар зан собиқ шавҳарашро дар хоб бинад, маълум мешавад, ки то ҳол гузаштаи худро фаромӯш накардааст.
Хотироти бахти аввал, ки дар зершууратон (подсознание) ҷойгир аст, намегузорад, ки шумо дари дилатонро ба рӯйи ишқи нав боз намуда, бо шавҳари дуюматон бо меҳру муҳаббат зиндагии хушбахтона ба сар баред. Эҳтиёт шавед, чунки хотироти гузашта метавонанд ба зиндагии кунунии шумо соя афканда, боиси рашк ва ҷангу ҷанҷол бо ҳамсари ҳозираатон гардад.