-Таманно ном дорам, соли таваллудам 1992. Бо амри тақдир бо ҷӯраи бародарам хонадор шудам. Шавҳарам ду кӯча аз мо боло зиндагӣ мекард ва қариб ҳар рӯз ба хонаамон омада, то намози шом бо акаам чақ-чақ карда менишаст.
Бачаи хуб менамуд, барои ҳамин падару модарам нею нестон накарда хостгории волидони ӯро қабул карданд. Тамоми кору бори хонаи шавҳарамро карда, меҳмонҳои зиёдеро, ки қариб ҳар рӯз аз дари хонаи хусурам медаромаданд, ҳамеша бо лабони пурханда пешвоз гирифта, бо обу иззат гусел мекардам. Хусуру хушдоманам маро баробари ҷонашон дӯст медоштанд, вале шавҳарам аз рӯзи аввали зиндагӣ алови чашми маро гирифтанӣ шуда, бо баҳонаҳои ночиз лату кӯбам мекард. Болои муштзӯриаш шавҳарам духтарбоз буд, шабҳо аз волидонаш пинҳонӣ аз тиреза парида ба назди маъшуқаҳояш мерафт.
Шарм надошта ошкоро ба ман мегуфт, ки шабро дар оғӯши Нилуфар, Шоҳида ва Сабрина саҳар мекунад ва таъкид менамуд, ки агар дар ин бора ба падару модараш даҳон кушоям, сарамро аз танам ҷудо мекунад. Аз тарс лаб зери дандон гирифта, шаб то саҳар тани танҳо болиштро оғӯш карда хобиданамро ба касе намегуфтам. Боре падару модарам маро хабаргирӣ омаданд. Ҳамон рӯз шавҳарам маро бо тасма чунон бераҳмона зада буд, ки дар баданам ягон ҷойи обод намонд. Барои он ки волидонам шатта хӯрданамро нафаҳманд, як қуттӣ пудра молидам, то сиёҳиву кабудии рӯям нанамояд.
Модарам чизеро пай бурда, хеле кунҷковӣ кард, аммо сир бой надода, таъриф кардам, ки шавҳарам бисёр меҳрубон аст. Шавҳарам ба ҷойи раҳмат гуфтан, ки сирри ӯро пинҳон доштам, баъди рафтани падару модарам маро дубора чунон лагадкӯб намуд, ки аз ҳуш рафтам. Як рӯз пас чашмонамро кушода худро дар беморхона дар ҳуҷраи эҳёгарӣ дидам. Модарам дар болои сарам нишаста гиря мекард. Тифлаки батнам аз мушту лагади падараш мурда хунам хеле бисёр рафта будааст, табибон бо ҷонбозиҳои бисёр маро аз панҷаи марг наҷот доданд. Шавҳарам аз тарси он ки ман ба милиса шикоят мекунаму ӯро ба пушти панҷара мешинонанд, фавран чипта харида ба Русия парвоз кардааст.
Вай аз ҳамон ҷо ҳам маро ором нагузошта, ҳар шаб аксҳои бо занҳои урёни сабукпо оғӯш ба оғӯш гирифтаашро ба ман мефиристад ва маро дашному ҳақорат дода мегӯяд, ки инҳо сад бор аз ту беҳтаранд. Аз асабонияти бисёр як чашмам каҷ шуда, аллакай ба пири фартут монанд шуда истодаам. Дигар сабру тоқатам намондааст, агар ҳамин тавр давом кардан гирад, ягон рӯз даст ба худкушӣ мезанам…
Ҷавонзан гап мезаду селоби ашк рӯяшро мешустанд. Ба ӯ ваъда додам, ки ҳатман дарди дилашро дар газета чоп мекунем, то хешу табор ва волидони шавҳараш лаҷоми писарашонро кашанд.