Салом! Ман ҷавонзани 28-сола ҳастам ва вақтҳои охир худро ҳамеша хоболуду хаставу бемадор эҳсос мекунам. Дӯстонам маро дар кӯча дида мегӯянд, ки рангам паридааст. Ягон ҷоям дард намекунад, вале аз ҷоям хезам, сарам чарх мезанад. Серкорам, имкони ба духтур рафта, ҷиддӣ аз паси табобат шудан надорам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
МУНИРА, сокини шаҳри Душанбе
Посухи Садриддиншоҳ Насриддиншоев:
- Хоҳари азиз! Одатан сарчархзанӣ бар асари камхунӣ ва заъфи бадан ба вуҷуд меояд. Одамоне, ки ба иллати камхунӣ гирифторанд, ранги рӯйи парида доранд ва милки дандонҳояшон сафед мешавад. Чунин афрод каме кори ҷисмонӣ кунанд, таппиши дилашон афзун гашта, рангашон бештар мепарад. Ғизоҳои қавӣ, яъне калориянок, шарбати меваю сабзавот ва сайругашт дар ҳавои тоза ба манфиати чунин касон аст. Барои беҳтар шудани ҳолататон ман ба шумо чанд давои осонро тавсия медиҳам.
Даво аз шоҳтути заминӣ
Тахминан 200 грамм шоҳтути заминиро дар 1 литр об муддате ҷӯшонед, сипас оташро хомӯш кунад ва монед хунук шавад. Ин оби шифобахшро рӯзе 3 маротиба 1 пиёлагӣ нӯши ҷон намоед ва доруҳои таскинбахши асаб бинӯшед, ба зудӣ ҳолатон рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.
Даво аз сир ва лимӯ
2 калла сир (чеснок)-ро майда карда дар зарфи шишагӣ андозед ва аз болояш 5 дона лимӯро реза карда бо қошуқи чӯбин нағзакак аралаш кунед, сипас даҳони зарфро бо дока маҳкам карда, як ҳафта дар ҷойи торик нигоҳ доред. Дар ин муддат дору тайёр мешавад. Давои мазкурро баъди хӯрок менӯшанд. Як қошуқчаи онро бо 200 гр., оби гарм аралаш карда, нӯши ҷон намоед. Муҳлати табобат ду ҳафта.