Arzon march 2024
АГАР ҲОМИЛАДОРИАМ ФОШ ШАВАД...
20.09.2020
ОИЛА
6808

 

Духтари ҳамсояамон Мавлуда тӯй дошт ва ману дугонаҳоям то як поси шаб дар хонаи онҳо мондем. Мавлуда аз ман хоҳиш кард, ки шаб бо ӯ монам, вале падарам ҷанг мекунанд гуфта ба хонаамон равон шудам.

Дар роҳ, аниқтараш дар наздикии боғи худамон як ҷавони сиёҳпӯши девмонанд сари роҳамро дошт ва даҳонамро бо кафи дастонаш баста маро кашолакунон ба дарахтзор дароварду мисли гурги гурусна ба ман дарафтода, либосҳоямро дар танам дарронд. Мехост коми дил ситонад, вале ман сару рӯяшро канда хуншор менамудам. Набарди нобаробари мо чанд дақиқа давом кард. Ҳарчанд муқобилият намуда бо мушту лагад аз худ дур кардан хостам, зӯрам ба он деви бадҳайбат нарасид ва билохира аз ҳуш рафтам. Намедонам аз байн чӣ қадар вақт гузашт, вале вақте ки ба худ омадам, аллакай кор аз кор гузашта буд. “Акнун метавонӣ ба хонаатон равӣ ”,- писханд зад он ғул ва роҳи гурезро пеш гирифт. Ба қавле мурдаамро кашолакунон худро то хона расондам ва сару рӯямро шуста ба бистар даромадам.

Хоб дигар ба чашмам намеомад. Ягона фикре, ки дар сарам чарх мезад, худкушӣ кардан буд. Чанд маротиба хостам риштаи ҷонамро бо дасти худам бурида аз ин шармандагӣ халос шавам, вале боз ҷонам ширинӣ кард. Ҷуръат намекардам, ки ин рози нангинро ба ягон кас бигӯям, ҳатто дӯстдоштаам Саид аз моҷарои оншаба хабар надошт. Аз байн чанд моҳ гузашту ман худро бад ҳис мекардагӣ шудам. Рӯзе аз Саид хоҳиш намудам, ки маро ба беморхона барад. Дарҳол таксиеро киро намуда маро ба бемористон бурд. Духтурон баъди муоина Саидро ба утоқ даъват карда гуфтанд:

-Муборак шавад домодтӯра, шумо ба наздикӣ падар мешавед!

Бо шунидани ин гап ҳуш аз сари Саид парида бо тамоми овоз дод зад:

-Ман то ҳол дасти ин духтарро надоштаам, чӣ хел падар мешудаам?!

Гириста-гириста моҷарои оншабаро нақл кардам, вале Саид ба гапам бовар накарда, маро бероҳаю тардоман хонд ва дашномкунон рафт. Дигар ба зангҳоям ҷавоб намедиҳад ва маро дидан намехоҳад. Мехоҳам аз минбари «Оила» ба Саидҷон бигӯям:

-Илтимос, дар чунин рӯзҳои душвор аз ман рӯй нагардон! Қасам ба номи Худованд, ки ман ба ту хиёнат накардаам. Маро зӯран таҷовуз намуданд. Ба додам бирас, вагарна падару модарам ҳомиладор будани маро фаҳманд, ҳукми маргамро мебароранд!

Дилбар, ш. Хуҷанд

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД