Тавлиди шашгоникҳо дар шаҳри Хуҷанд боиси шодию хурсандии тамоми сокинони кишвар гашт, вале марги ин тифлакони маъсум ҳамагӣ баъди як рӯзи чашм ба олам кушоданашон ҳамагонро ғамгин гардонд.
Дар бораи сабаби фавти ин кӯдакон дар байни мардум сару садоҳо хеле зиёд буданд. Иддае иллати марги шашгоникҳоро ба хунукназарии табибон рабт медоданд, вале...
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади хотима гузоштан ба ҳама сару садоҳо дар бораи марги шашгоникҳо расман сабаби марги тифлаконро шарҳ додааст. Ба иттилоъи ин ниҳод:
"Муборакхон Соҳибоваи 26-сола, сокини кӯчаи ба номи Ҳакимов 14-и ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санаи 10-уми январи соли равон, соати 11.45 дақиқа бо мошини Ёрии таъҷилӣ ба Таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд оварда шудааст."
Табибони қабулгоҳ ӯро фавран қабул ва сари вақт муоина карда, дар шӯъбаи амрози ҳомиладорон бистарӣ кардаанд. Ба Соҳибова бо назардошти нишонаи валодати пеш аз муҳлат тамоми ташхису табобат аз рӯи протоколи стандарти миллӣ оид ба аворизи ҳомиладорӣ гузаронида шуда, оиди ҳолати бемор ба ситоди доимамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузориш пешниҳод шудааст, вале новобаста аз табобати гузаронидашуда санаи 11-январ, соати 00:20 дақиқа Муборакхон Соҳибоваро дарди зоиш гирифта, аз соати 03:25 дақиқа то 03:50 дақиқа 6 тифли норасидаро бо вазни экстремалӣ ба дунё овардааст. Кӯдакон-нахустин духтар бо вазни 700 грамм, дуюм писар бо вазни 700 грамм, сеюм писар 600 грамм, чорум духтар бо вазни 600 грамм, панҷум духтар 600 грамм, шашум духтар 550 грамм буда, норасид, яъне дар ҳафтаи 26 –уми ҳомиладорӣ ба дунё омадаанд, ки қариб 6 моҳаро ташкил медиҳад. Чунин кӯдаконро дар тиб «кӯдакони норасидаи экстремалӣ» (бо вазни ниҳоят кам) мегӯянд.
“Аз рўи омори ҷаҳонӣ, навзодони аз 750 то 1000 грамм 12-18% зинда мемонанд, аммо навзодони норасид бо вазни 500-700 грамм аз рўи адабиётҳои дақиқ дар ҷаҳон то 96% дар рўзҳои аввали ҳаёташон фавтида, боқимонда ба маъюбият оварда мерасонад”-менависад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилоъи вазорат аз лаҳзаи таваллудашон вазъи саломатии ин кӯдакон хуб набуда, аз ҳамин сабаб дар шӯъбаи эҳёгарӣ нигоҳ дошта мепшуданд. Бо сабаби вазни аз ҳад кам доштанашон новобаста ба ҳама талошҳои табибон барои наҷоташон шашгоникҳо фавтидаанд.