Салом! Ман чанд сол боз миомаи бачадон дорам, вале ба бемориам чандон аҳамият намедодам, чунки дард ва хунравӣ надорам. Аммо чанд рӯз пеш як зани ҳамсояамон воҳима карда гуфт, ки кадом як хешашон миома доштаасту табобат накарда, оқибат ба саратон гирифтор шудааст. Аз вақте ки ин гапро шунидам, ба дилам алав афтидааст, ки мабодо ба ин дарди бедаво гирифтор нашавам. Мехоҳам донам, ки оё дар ҳақиқат миомаро табобат накунӣ, касро ба саартон гирифтор месозад ё не? Миомаи бачадонро бо гиёҳҳо ва давоҳои халқӣ низ табобат карда мешавад?
ФАРИЗА, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ
Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:
- Аслан варамҳои саратонӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд, яке хушфаъол ва дигаре бадфаъол. Хусусияти саратони хушфаъол дар он аст, ки ба узвҳои дигар намегузарад, имкони муолиҷааш вуҷуд дорад ва барои бемор хатари ҷониро ба бор намеорад. Аммо набояд нисбати ин навъи саратон бепарвоӣ зоҳир намуд, зеро дар сурати сари вақт табобат накардан саратони хушфаъол метавонад ба саратони бадфаъол табдил ёбад. Полип, миома, фибромиома, аденома, мастопатия аз зумраи саратонҳои хушфаъол ба шумор мераванд, вале ба сурати кул инро танҳо озмоишҳои гистологӣ муайян карда метавонанд.
Дар мавриди табобат бо гиёҳҳо ва давоҳои халқӣ бояд, ҳаминро гуфтанием, ки мустақилона даво тайёр карда нӯшиданро ба шумо тавсия намедиҳам, зеро ин беморӣ табобати ҷиддии касбӣ мехоҳад. Беҳтараш ба духтури занона ва ё табибони саратоншинос муроҷиат намуда, бори дигар аз ташхис гузаред ва аз паси табобати худ шавед. Дар баробари доруҳое, ки муттахасисон мефармоянд, метавонед ба мо муроҷиат намуда, давоҳои халқӣ ва гиёҳиро низ истифода баред.
Натарсед, ба ҷони шумо ягон хатар таҳдид намекунад. Миомаи бачадон бемории табобатшаванда аст ва дар сурати ҷиддӣ табобат намудан, шумо албатта шифо меёбед. Танҳо тавсияи банда ҳамин аст, ки ба парҳез риоя карда, аз хӯрдани хӯрокҳои шабмонда, бирёнӣ, консерва, ғизоҳои тезу тунд, равғани ҳайвонот, шакар, тухм, маҳсулоти ширии равғаннокиаш зиёд, аз ҷумла қаймоқ худдорӣ намоед.