Sebiston new 2024 october
АГАР МАРД ЗАНАШРО ТАЛОҚ ДОДА, БАЪД ПУШАЙМОН ШАВАД...
4470


Талоқ дар ислом бадтарини ҳалолҳо номида шудааст. Мегӯянд, ки вақте мард ҳамсарашро талоқ медиҳад, арши худо ба ларза меояд.

Дар ҳақиқат талоқ ва вайроншавии оила ҳам барои мард ва ҳам барои зан шикасти хеле бузург аст, зеро баробари ба забон овардани ин калимаи кӯтоҳ ҳаёти ду инсон сӯхта, зану шавҳар барои ҳамдигар бегонаю номаҳрам мегарданд, фарзандонашон зиндаятим мешаванд. Албатта баъзан ҷангу ҷанҷол ва моҷароҳои оилавӣ он қадар зиёд ва тезу тунд мегарданд, ки ба ҷуз ҷудоӣ дигар чора намемонад, аммо ҳолатҳое низ ҳастанд, ки мард дар сари қаҳр занашро талоқ дода, баъдан сахт пушаймон мешавад. Аз ҳамин сабаб донистан мехостам, ки агар мард бе ягон шоҳид дар сари қаҳру ғазаб занашро талоқ дода, баъдан пушаймон шавад, талоқ воқеъ мегардад ё не?

Мавлудҷон, хонандаи Оила

Ба саволи хонандаи мо домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси Раёсати фатвои Тоҷикистон чунин посуд доданд:
Бародари азиз! Оила муқаддас аст , барои ҳамин мард қабл аз оне, ки ин калимаи қисматсӯзро ба забон меорад, бояд оқибаташро фикр кунад, зеро талоқ ҷойи шӯхию бозӣ надорад. Сарфи назар аз он, ки дар шоҳидии дигарон ҳамсарашро талоқ додааст ё бе шоҳид, ҳамин ки калимаи “Талоқ” аз даҳони мард баромад, талоқ воқеъ мегардад ва пас аз ин зану шавҳар барои ҳамдигар бегонаву номаҳрам мешаванд. Барои исботи талоқ шоҳид ҷустан зарурат надрад, худи мард эътироф кунад, ки дар ҳақиқат ин калимаро ба забон оварда, занашро талоқ додааст, сарфи назар аз он ки пушаймон шудааст ё не, талоқ воқеъ гашта, минбаъд зери як бом зистан ва сар дар як болин ниҳодани он мард ва он зан раво нест.

Албатта мардҳое ҳастанд, ки баъди як талоқ додани ҳамсарашон ба хотири фарзандонашон бо зани худашон аз нав никоҳ мекунанд, вале ин ба табъи ҳар як инсон вобастагӣ дорад. Дар сурати се талоқ додани зан никоҳи онҳо дигар раво нест, ба ҷуз ҳалола, ки онро на ҳар мард қабул карда метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шахло 2023-05-28, 10:58
Салом алейкум ! Бо шавхарам чангчол кардем , у аввал дар сари газаб 2 маротиба чавобатро додам тамом гуфт ,. Баьд ман инхел бошад якбора талок гуйед гуфтам , баьд 2 маротиба талок - талок гуфту бори 3юм чавобатро додам гуфт , бади сухонхояш худамро а у дур кардам , хохиш мекардам шарм медодед вай мегуфтедки , талок шкдам е не ? Ва дубора никох кардан равост е не ?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шахло 2023-05-28, 10:58
Салом алейкум ! Бо шавхарам чангчол кардем , у аввал дар сари газаб 2 маротиба чавобатро додам тамом гуфт ,. Баьд ман инхел бошад якбора талок гуйед гуфтам , баьд 2 маротиба талок - талок гуфту бори 3юм чавобатро додам гуфт , бади сухонхояш худамро а у дур кардам , хохиш мекардам шарм медодед вай мегуфтедки , талок шкдам е не ? Ва дубора никох кардан равост е не ?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД