Салом! Ба мисли дигар ҷавонмардони тоҷик ман ҳам ризқу рӯзии худ ва аҳли оилаамро аз муҳоҷирати меҳнатӣ меёфтам. Чанд сол пеш дар шаҳри Маскав байни як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва қирғиз занозанӣ шуд ва ба хотири ғурури тоҷикона ман ҳам дар он ҷанҷол иштирок карда, аз ҷониби пулис боздошт ва ба мӯҳлати 5 сол зиндон шудам. Пас аз баромадан ба озодӣ маро аз қаламрави Федератсияи Россия “депорта́ция” карданд. Айни замон зиндагиам вазнин аст, ҷойи кор ва манбаи даромад надорам. Ҷӯраҳоям гуфта истодаанд, ки ҳуҷҷатҳоятро иваз карда ба Русия биё, мо бароят кори хуб меёбем, вале ростӣ дар ҳарос ҳастам. Мехоҳам донам, ки шахси аз қаламрави Россия ихроҷ шуда бо ному насаби дигар дубора ба ин кишвар ворид шавад, чи ҷазо мегирад?
Д. С, аз шаҳри Кӯлоб
Бародари азиз! Ҳаргиз ин корро накунед, чунки худсарона ворид гаштани шахси аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ, яъне “депортация” шуда ба ин кишвар ҷиноят ба ҳисоб меравад ва дар қонунгузории Россия барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми 2-и моддаи 322-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия омадааст:
“Дар сурати ворид шудан ба қаламрави ФР бо убури сарҳади давлатии Россия аз тарафи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки воридшавии ӯ ба Федератсияи Россия бо асосҳои дар қонунгузории Федератсияи Россия пешбинишуда иҷозат дода нашудааст, ҷазо дар шакли ҷарима ба андозаи то 300 ҳазор рубл, ҷалб намудан ба меҳнати маҷбурӣ ба мӯҳлати 4 сол ва ё маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати 4 сол татбиқ мегардад".
Бояд гуфт, ки сохтакории ҳуҷҷатҳо, яъне бо ному насаби дигар ба қаламрави Федератсияи Россия ворид гаштан низ ҷиноят ба ҳисоб меравад ва барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ дар шакҳои ҷарима, ҷабл намудан ба корҳои маҷбурӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 1 то 3 сол пешбинӣ шудааст.
Аз ҳамин хотир мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва сафар ба Русия худдорӣ намоед. Айни замон ҷойҳои кории холӣ дар кишвари худамон низ зиёданд. Шумо метавонед барои пайдо кардани кори муносиб ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат кунед.
Ҳатман ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан хоҳед, метавонед ба Хадамоти муҳоҷират ва ё Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа муроҷиат намоед, то ки шуморо ба ягон кишвари дигар фиристанд.