Arzon march 2024
Афзоиши теъдоди фавтидагони заминларза дар Ҳирот
359

Теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар ғарби Афғонистон ба 2053 нафар расид.

Гуфта мешавад, ки ин маълумот ҳанӯз ниҳоӣ нест ва шумораи қурбониён то охири ҳафта шояд ба даҳ ҳазор нафар расад.

Хабаргузории “Ал-Ҷазира” иттилоъ додааст, ки дар ноҳияҳои аз офати табиӣ зарардида нарасидани хайма, асбобу анҷоми тиббӣ ва озуқаворӣ зиёд аст.

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, дар натиҷаи ин заминларза тақрибан шаш деҳа пурра хароб шуда, ҳазорҳо сокини осоишта зери харобаҳо мондаанд ва наҷотёфтагон ба кӯмаки фаврӣ ниёз доранд.

Ҳамзамон, дар 12 деҳаи вилояти Ҳирот беш аз 600 хона, ки ҳудуди 4200 нафар дар онҳо зиндагӣ мекарданд, қисман осеб дидаанд. Дар вилояти Ҳирот тақрибан 1,9 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Хадамоти геологии ИМА, заминларзаи 6,3 дараҷаӣ дар 40-километрии шимолу ғарби шаҳри Ҳирот тақрибан соати 11 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Дар пайи ин заминларза се зилзилаҳои шадид - бо қувваи 6,3, 5,9 ва 5,5-баллӣ ва инчунин ларзишҳои заифтар ба амал омаданд. Дар вилоятҳои ҳамсояи Бодғис ва Фароҳ низ такони ин заминларзаи шадид эҳсос шудааст.

Бахши афғонистони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ки барои интиқоли захмиён ба бемористонҳо 12 мошини ёрии таъҷилӣ фиристодааст. Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ба интиқоли кӯмакҳои башардӯстона шурӯъ карданд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз дошта, ба осебдидагони заминларзаҳо шифои комил таманно кардааст.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 октябр дар Афғонистон заминларза ба амал омад. Ҷунбиши қишри замин, ки қувваи он аз рӯи ҷадвали Рихтер 6,3 балро ташкил медод, дар 40 километрии қисми шимолу ғарби музофоти Ҳирот рух дод.

Дар натиҷаи офати табиӣ беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва дигар инфрасохтор хароб гашта, нафарони зиёд бенишон гашта, шумораи осебдидагон ба пуррагӣ муайян карда нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД