Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гашт. Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила дар оғоз дар бораи самтҳои асосии фаъолияти кумита сухан ронда, таъкид намуд, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ масъули иҷрои стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, консепсияи рушди оила ва дигар стратегияву барномаҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои иҷроиши барномаҳо чорабиниҳои зиёдеро баргузор менамояд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ ҳамчунин дар боби дастгирии занону духтарон сухан ронда, таъкид намуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025 малағи 2 млн сомонӣ ҷудо шуда, аз байни 332 лоиҳаи дар ин давра ба кумита ворид гашта 80 лоиҳаи беҳтарин дастгирӣ карда шудааст.
“Зимни тақсими грантҳои президентӣ мо кӯшиш кардем, ки ба модарони танҳо ва табақаҳои ниёзманд бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. Аз ҷумла ба 5 зани имкониятҳояшон маҳдуд (маъюб) ва 10 зане, ки дар оилаашон маъюб доштанд, ҳамчунин ба 4 модари танҳо ва 6 нафар занон аз оилаҳои ниёзманд барои рушди соҳибкорӣ грантҳои президентӣ ҷудо карда шуданд”- гуфт раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷ.Т Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон.
Раиса ҳамчунин таъкид намуд, ки аз 13000 духтарони тариқи Квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил шуда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар аллакай 11000 духтарон баъди хатми донишгоҳ бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.
Дар идомаи суханаш раиси кумита гуфт, солҳои охир шумораи довталабон ба мактабҳои олӣ аз ҳисоби духтарон рӯ ба афзоиш ниҳодааст, масалан соли 2017 ҳамагӣ 35-%-и довталабон духтарон буданд, вале соли 2021 ин рақам ба 45-% расидааст, ки бисёр хурсандиовар аст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки талошҳои кумита ва ҳукумат барои ҷалби духтарон ба таҳсил самар дода, мардум то кадом андоза дар зиндагӣ муҳим будани соҳиби тахассус ва касбу ҳунар гаштани занону духтаронро дарк карда истодаанд.
Қурбонзода мегӯяд, айни замон 19, 4%-и кадрҳои роҳбарикунандаро дар ҷумҳурӣ занону духтарон ташкил медиҳанд, вале шумораи занони роҳбар дар ҷамоатҳо нисбатан камтар буда, аз 430 ҷамоат танҳо дар 13%- занон вазифаи раиси ҷамоатро бар дӯш доранд.
Масъалаи аз ҳама ташвишовар ба қавли раиси кумитаи кор бо занон ва оила ин албатта хушунату зӯроварии хонаводагӣ ва афзоиши талоқ мебошад. Дар соли 2021 ҳудуди 954 нафар маҳз бо масъалаи хушунат ва зӯроварӣ дар оила ба кумита муроҷиат намудаанд. Масъулини кумитаи кор бо занон ва оила ҳар як шикоятро санҷида бо тарафҳо сӯҳбат меороянд ва кӯшиш мекунанд, ки бо мусоидати ҳуқуқшиносон, равоншиносон, табибон, намояндагони дин, масъулини ҷамоат ва намояндагони дигари ҳукумати маҳаллӣ мушкилоти корафтодагонро ҳал ва аз минбаъд такрор ёфтани хушунату зӯроварӣ дар хонаводаҳо пешгирӣ намоянд.
Дар нишаст таъкид шуд, ки натанҳо занону духтарон, балки баъзан мардон низ дар оила бо хушунату зӯроварӣ рӯ ба рӯ мегарданд, аз ҷумла дар соли 2021 ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷ. Т 548 мард аз мавҷудияти хушунат ва зӯроварии оилавӣ нисбаташон аз ҷониби занон шикоят бурдаанд.